СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид

Февраль 4, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 04.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 ба ифтихори 35-солагии ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонӣ далели равшани сиёсати хирадмандона, дурбинона ва ояндасози роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин иқдом на танҳо идомаи мантиқии марҳилаи нави рушди давлатдорӣ, балки талаботи замон ва ниёзҳои воқеии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

— Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 иброз намуданд, «то рӯзҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон вақти хеле кам мондааст. Мо бояд то ин санаи муқаддас корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро бо сатҳу сифати баланд амалӣ созем».

Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ марҳилаи муҳимми таърихӣ буда, ҷамъбасти роҳи пуршарафи тайкардаи миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, ҳар рӯзи боқимонда бояд самаранок истифода гардида, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ равона карда шавад. Маҳз дар ҳамин замина соли 2026 ҳамчун соли вусъат додани корҳои ободонӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ аҳаммияти хосса касб мекунад. Далели равшан он аст, ки мардуми қавиирода ва бунёдкори тоҷик бо эҳсоси баланди худшиносӣ дар партави сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, аз хонаю дари худ сар карда, то корҳои ҷамъиятӣ дар масъалаи вусъат додани корҳои ободонӣ саҳм мегиранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати ободонию созандагии Пешвои миллат дар қалби мардуми ободгару меҳанпарасти тоҷик бо эҳсоси баланди худшиносӣ ҷой гирифта, онҳо дар таъмиру таҷдиди роҳу пулҳо, сохтмони мактабҳо ва дигар амалҳои неки инсонӣ бетараф нестанд.

Аз нуқтаи назари иҷтимоӣ вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ омили муҳимми таҳкими суботи ҷомеа ва болоравии некӯаҳволии мардум мебошад. Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки ҳар иншооти нав, хоҳ мактаб бошад, хоҳ роҳ ё муассисаи фарҳангӣ на танҳо мушкилоти инфрасохториро ҳал мекунад, балки руҳияи мардумро боло бурда, эътимод ба фардои некро тақвият медиҳад.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид гардидааст: «Ҳар шаҳрванд ва ҳар оила бояд бо дарки масъулияти ватансозию давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд».

Воқеан, ҳар амали ободкорона аз тармими хона ва кӯча то нигоҳубини муҳити зист, нишонаи фарҳанги баланд ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Ободонии муҳити зист, тозагӣ ва зебоии шаҳру деҳот ба ташаккули фарҳанги шаҳрнишинӣ, эҳтиром ба моликияти давлатӣ ва риояи қонун мусоидат менамояд. Дар чунин фазо худшиносии миллӣ мафҳуми назариявӣ набуда, ба арзиши воқеии ҳаёти ҳаррӯза табдил меёбад.

Аз лиҳози иқтисодӣ корҳои созандагӣ ба рушди устувор ва афзоиши иқтидори истеҳсолии мамлакат замина мегузоранд. Сохтмони иншооти муосир, навсозии инфрасохтор ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ боиси таъсиси ҷойи нави кор, баланд гардидани сатҳи даромади аҳолӣ ва рушди соҳибкории миллӣ мегардад.

Дар баробари ин, худогоҳии миллӣ метавонад ҳамчун омили ҳавасмандгардонии меҳнати софдилона ва муносибати масъулиятнок ба кор хизмат намояд. Шахсе, ки худро соҳиби ин Ватан медонад, нисбат ба пешрафту ободонии он бетараф намемонад ва дар рушди ҷомеа саҳм мегузорад. Пешвои миллат дар ин бобат иброз доштаанд, ки «… ҳар фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азизи хеш кори некеро анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад».

Яке аз масъалаҳои калидии соли 2026- ин таҳкими худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон мебошад. Дар шароити густариши фазои иттилоотӣ ва таъсири фарҳангҳои гуногун ҳифзи ҳувияти миллӣ ва тарбияи насли худогоҳ вазифаи аввалиндараҷа маҳсуб мешавад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ бо ифтихор изҳор намуданд, ки «роҳи тайкардаи мо дар зарфи қариб 35 соли гузашта баръало нишон дод, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба анҷоми корҳои бузург қодиранд».

Дар шароите, ки ҷаҳони муосир бо таҳаввулоти босуръати иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ рӯ ба рӯст, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ танҳо дар заминаи ҳамоҳангии рушди моддӣ ва маънавӣ имконпазир мегардад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, “худшиносии миллӣ асоси пойдории давлат ва кафили ояндаи ободи миллат мебошад». Ин андеша бори дигар собит месозад, ки ҳар амали созанда бояд бар пояи шуури миллӣ, эҳсоси масъулият ва ифтихор аз Ватан анҷом дода шавад.

Дар воқеъ, таҷрибаи гузашта нишон дод, ки мардуми Тоҷикистон бо заҳмати софдилона ва руҳияи баланди миллӣ қодиранд давлати худро обод ва мустақил нигоҳ доранд. Ин таҷриба ба болоравии худшиносии миллӣ ва эътимод ба неруи худ таъсири мустақим дорад.

Муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар ин раванд масъулияти махсус доранд, зеро маҳз дар муҳити донишгоҳӣ ҷаҳонбинӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва арзишҳои ҳаётии ҷавонон ташаккул меёбанд. Омезиши донишҳои касбӣ бо тарбияи ватандӯстӣ, омӯзиши таърих, фарҳанг ва забони миллӣ метавонад заминаи устувори ташаккули шахсияти комилро фароҳам оварад.

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маркази илм ва маърифат вазифадор аст, ки соли 2026 фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшад. Дар ин замина афзалият додан ба корҳои зерин муҳим арзёбӣ мегардад:

  • вусъат додани корҳои ободонӣ дар ҳудуди муассиса ва атрофи он;
  • таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои илмӣ вобаста ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ;
  • баргузории ҳамоишҳо, конференсияҳо ва мизҳои мудаввар вобаста ба мавзуи худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ;
  • ҷалби фаъоли донишҷӯёну магистрантон ба корҳои ҷамъиятӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи онҳо дар ин самт.

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) пешниҳод менамоем, ки

-дар муассисаҳои таълимӣ барномаҳои комплексӣ (маҷмуӣ), ки ободонӣ ва тарбияи маънавиро дар якҷоягӣ фаро гиранд, таҳия карда шаванд,

-дар самти сабзгардонӣ, ҳифзи муҳити зист ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ лоиҳаҳо байни донишҷӯён ба роҳ монда шаванд,

-тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷалби олимон ва зиёиён корҳои тарғиботӣ-маърифатӣ бештар гузаронида шаванд

— ташаббусҳои созанда ва фаъолони корҳои ободонию созандагӣ бо мукофотҳо ҳавасманд гардонида шаванд.

Бо назардошти ин метавон бо итминони комил изҳор намуд, ки соли 2026 ҳамчун соли ҳамгироии ободонии моддӣ ва рушди маънавӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим хоҳад гузошт. Ин сол метавонад ба марҳилаи нави худогоҳии миллӣ, таҳкими ваҳдат ва пешрафти устувори давлат табдил ёбад.

Итминони комил дорем, ки соли 2026 ба соли амалҳои нек, ташаббусҳои созанда ва дастовардҳои назаррас табдил ёфта, дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад. Мо, аҳли илм ва маориф омодаем, ки дар иҷрои ин рисолати муқаддас саҳми арзанда гузорем.

Даврон САФАРЗОДА,
ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 4, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд