Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад
ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи сентябри соли 2025 тавассути корти бонкии нафақагирон ва барномаи онлайнӣ беш аз 200 хизматрасонӣ амалӣ карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод 13 феврал зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки солҳои қабл нафақагирон аз кортҳои бонкӣ маблағро ба таври нақд дастрас намуда, хизматрасонии дилхоҳашонро амалӣ менамуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, аз 15 сентябри соли 2025 дар доираи ҳамкории судманд дар самти сари вақт пардохт намудани нафақа ва хизматрасонӣ ба нафақагирон байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» шартнома «Дар бораи аз нав барасмият даровардани хизматрасониҳо ва ҳисоббаробаркуниҳои суратҳисоби бонкӣ бо пули миллӣ» ба имзо расид.
Дар доираи ҳамкорӣ Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба нафақагирон гузаронидани амалиёти бонкӣ бо истифода аз кортҳои бонкии нафақавӣ барои ройгон истифода намудани имконияти зерин, аз ҷумла ройгон пайваст намудани кортҳои бонкӣ ба SMS – паёмак, ройгон пайваст намудани барномаи «Амонат мобайл», хизматрасонии ройгон дар нуқтаҳои хизматрасонӣ ва савдо (дорухонаҳо, марказҳои савдо, муассисаҳои давлатӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва ғайра тавассути Пос терминал), ройгон пардохт намудани хизматрасониҳои коммуналӣ, андозҳо, маблағи таваққуфгоҳ, телефони мобилӣ, интернет ва хизматрасониҳои давлатӣ ва ғайраро тавассути барномаи «Амонат мобайл» дастрас намуд.
Инчунин дар асоси ин санад тавассути пос-терминалҳо дар Маркази хизматрасонии бонкӣ гирифтани маблағҳои нақдӣ аз шабакаҳои терминалии низоми пардохти миллии «Корти миллӣ» (банкомат ва пос-терминалҳо), фаврият дар ҳолати ворид намудани маблағ ба суратҳисоби кортҳои бонкӣ ва пардохти хизматрасониҳои гуфташуда, бархурдор (пайвастшавӣ) шудан аз қарзҳои овердрафтӣ ва воридоти маблағ ба корт аз дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ мусоид мекунад.
Ин иқдом барои дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» мусоидат менамояд.
«Барои нафақагирон танҳо як хизматрасони бонкӣ- ин ҳам интиқоли маблағ ба ҷумҳурӣ ва хориҷа дастрас нагардидааст», — чунин иброз намуд директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки агар нафақагирон хоҳанд, ки нафақаи худро аз тариқи дигар бонк истифода намоянд, иҷозат аст. Нафақагир метавонад бо дилхоҳ бонк шартнома намуда, корди бонкӣ дастрас кунад ва нафақааш ба корти бонкиаш интиқол меёбад.
Иттилоъ дода шуд, ки Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 нақша дорад, ки барномаи онлайнӣ ба роҳ монад. Нафақагирон метавонанд барои истифодаи ин хизматрасонӣ ба таври фаврӣ маълумоти зарурӣ дастрас намоянд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






