Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 05.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар Тоҷикистон барои бо кор таъмин намудани бекорон 929 намоиши ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Дар ин намоишҳо 10 ҳазору 58 корхонаю ташкилот ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод карданд. Дар натиҷа 11 ҳазору 336 шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин карда шуд. Дар ин хусус 3 феврал Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмуҳаммадзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Масъалаҳои тақвияти сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат пайваста зери назорати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, вобаста ба он мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд», – иброз дошт Солеҳа Холмуҳаммадзода.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат гуфт, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбомӯзӣ, хизматрасонӣ ва рушди ҳунармандӣ дар мамлакат марказҳои касбомӯзӣ, хизматрасонӣ ва рушди малакаҳои касбии муосир таъсис амал менамоянд. Дар айни замон дар 52 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои касбомӯзӣ фаъолият намуда, ба роҳ мондани омӯзиши касбҳои мутобиқ ба талаботи бозори меҳнатро таъмин менамоянд.
Шаҳрвандон ба ин марказҳо тибқи талаботи стандартҳои салоҳияти касбии муосир ва мутобиқ ба ниёзҳои бозори меҳнат фаро гирифта мешаванд. Омӯзиш дар доираи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва ба тариқи худмаблағгузорӣ амалӣ мегардад.
Ба иттилои манбаъ, теъдоди зиёди шаҳрвандоне, ки ба касбомӯзӣ ҷалб карда мешаванд, занону духтарон мебошанд. Аз ҷумла, беш аз 50 фоизи касбомӯзони ин марказҳоро занон ташкил медиҳанд. Соли 2025 беш аз 60 ҳазор шаҳрванд ба ин марказҳо ҷалб гардида, соҳиби Сертификат шуданд, ки нисфи онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд. Сертификатҳое, ки ба хатмкунандагони марказҳо дода мешаванд, ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ буда, дар бархе давлатҳои хориҷӣ низ эътироф мегарданд. Дар раванди касбомӯзӣ баробари ихтисосҳои касбӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ, саводнокии молиявӣ ва азхуд намудани малакаҳои технологияҳои иттилоотӣ низ пешбинӣ карда шудааст.
Бояд гуфт, ки дар мамлакат дар самти ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, сохтмону навсозии иншооти энергетикию нақлиётӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тавсеаи хизматрасониҳо, густариши ҳамкории минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, «ҳамасола дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакат беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуда, беш аз 150 ҳазор хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба бозори меҳнат ворид мегарданд».
Сарвари давлат баён доштанд, ки ба шуғли расмӣ ҷалб кардани аҳолии қобили меҳнат, таъмин намудани кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии дақиқи қувваи корӣ, тақвияти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон масъалаҳои муҳимтарин дар ин самт мебошанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳоро вазифадор намуданд, ки татбиқи самарабахши нишондиҳандаҳои пешбининамудаи барномаҳои давлатиро барои дар панҷ соли оянда таъсис додани 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кор ва дар ин раванд баланд бардоштани нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъмин созанд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 феврал зимни нишасти матбуотии ин вазорат гуфт, ки «соли 2025 бо мақсади рушди соҳибкории хурд ва таъсиси ҷойи нави кор ба 2168 нафар шаҳрвандони бекор, ки хоҳиши машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ доштанд, кумаки молиявӣ расонида шуд. Ҳаҷми умумии ин кумак 8 миллиону 857,5 ҳазор сомониро ташкил дода, барои ба роҳ мондани фаъолияти тиҷоратӣ, хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва истеҳсолӣ равона гардидааст».
Инчунин бо мақсади дастгирии ҳунармандон ва мусоидат ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ соли 2025 барои 20 ҳунарманд, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо аз ҷониби комиссияи давлатӣ ғолиб дониста шуд, ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ грант ҷудо карда шуд.
Гуфта шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо истифода аз имконияти мавҷуда ва татбиқи барномаҳои амалкунандаи давлатӣ барои таъсиси коргоҳу корхонаҳои хурду миёна, рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва васеъ намудани имконияти шуғли аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд. Ин иқдом ба таъсиси ҷойи нави кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд.
Иброз гардид, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати 20 касби босалоҳиятро таҳия намудааст. Ин касбҳо самтҳои иттилоотонӣ, насби панелҳои офтобӣ, кафшергарӣ, таъмиргари асбоби рӯзгор ва таъмири телефонҳои мобилиро фаро мегиранд.
«Инҳо касбҳое мебошанд, ки имрӯз ба талаботи бозори байналмилалии меҳнат ҷавобгӯянд. Мақсади мо низ ҳамин аст, ки шаҳрвандон бо омӯхтани ин касбҳо дар дохил ва хориҷи мамлакат бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гарданд», – иброз дошт Солеҳа Холмуҳаммадзода.
Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2025 афзоиши нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагии аҳолӣ назаррас боқӣ монда, ба ҳолати 1 декабри соли 2025 музди меҳнати миёнаи кормандони ҳама соҳаҳои ҷумҳурӣ 2725,71 сомониро ташкил дод. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 19,9 дарсад ё 452,9 сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид






