Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ДУШАНБЕ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Қувваҳои Мусаллаҳ рамзи истиқлол, кафили ҳифзи марзу бум, таъмини амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа маҳсуб мешаванд. Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан ва такягоҳи асосии давлат буда, нишони барҷастаи пойдорӣ, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари ормонҳои таърихӣ ва шарафу эътибори Тоҷикистон мебошад.
— Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз воқеаҳои ниҳоят муҳим маҳсуб шуда, ҳамчун сипари боэътимоди давлат дар ҳифзу сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, амнияти миллӣ ва пойдории Истиқлоли давлатӣ нақши муҳим дорад.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон заминагузори Қувваҳои Мусаллаҳ аст. Бо роҳбарӣ ва ибтикороти Сарвари давлат 18 декабри соли 1992 Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки он барои ташкили Артиши миллӣ дар ҷумҳурӣ заминаи асосӣ гардид. 23 феврали соли 1993 аввалин расми гузашти низомии афсарону сарбозон доир гардид, ки ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз пуриқтидортарин неруҳо дар минтақа табдил ёфта, тамоми вазифаҳои бауҳдадоштаашро сарбаландона иҷро мекунад. Дар айни замон он аз Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал ва дигар сохтору воҳидҳои гуногун иборат буда, дар пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи сарҳадот ва таъмини ҳаёти осоишта нақши калон дорад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосҳои ҳуқуқӣ, таъйинот, вазифаҳо, ҳайат, принсипҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамояд. Мутобиқи қонун вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд: зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор; ҳифзи фазои ҳавоии давлат; муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ; ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ.
Бояд тазаккур дод, ки халқи тамаддунофару фарҳангпарвари тоҷик аз замонҳои қадим соҳиби сипоҳ ва анъанаҳои устувори низомӣ буд. Шоҳасари безаволи Ҳаким Фирдавсӣ – «Шоҳнома» сарчашмаи худшиносии миллӣ ва таҷассумгари руҳияи ватандӯстиву сипоҳдории ниёкони мо ба ҳисоб меравад. Дар дигар асарҳо, ба монанди “Гаршоспнома”, “Гуштоспнома” ва “Қобуснома” низ оид ба артиши замони Ҳахоманишиён, Сосониён ва Сомониён сухан меравад, ки тоҷикон аз азал бо ҳисси баланди эҳтиром ба хоки муқаддаси Ватан таҷрибаи бузурги сипоҳдорӣ доштаанд.
Халқи тоҷик давоми таърих барои эҳёи суннатҳои деринаи давлатдорӣ ва арзишҳои миллии худ пайваста талош варзидааст. Таҷрибаи артишдорӣ дар низоми давлатдории миллии тоҷикон аз дарозои таърих сарчашма мегирад. Таърихи каҳрамонию далерии ниёкони тоҷикон гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик аз насли Курушу Дориюш, Ардашеру Анушервон, Яъқуб ибни Лайсу Исмоили Сомонӣ ва даҳҳо сиёсатмадору сипаҳсолори бузург будааст. Корномаҳои қаҳрамонони миллати тоҷик, ба монанди Спитамен, Деваштич, Муқаннаъ ва Темурмалик дар саҳифаҳои таърих сабт гардидаанд. Барои ҳимояи марзу буми Ватан саҳми занон дар баробари мардон низ кам набудааст. Аз қаҳрамониву далерии занони тоҷике ёдоварӣ мекунанд, ки мардонавор ҷангида, ҷасорат ва матонати занони тоҷикро нишон додаанд. Гурдофариду Бурондӯхт, Томирису дигар қаҳрамонзанон далели ин гуфтаҳоянд.
Ҳифзи марзу буми мамлакат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир, таъмини амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа бар зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳ дар ин муддат аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, ба сохтори муташаккилу боэътимод ва неруи қодир ба ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид медоранд, ки “вақтҳои охир вазъи ҷаҳон торафт мураккабу буҳронӣ гардида, раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ торафт шиддат мегиранд”. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар вазъи мураккаби минтақаву ҷаҳон қарзи ватандӯстии хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандиро ба таври шоиста адо менамоянд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, иродаи қавии мардуми мамлакат, матонату мардонагӣ ва ватандӯстии фарзандони бонангу номуси он ба ҳисоб меравад. Афзоиши таҳдидҳои терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ аз ҷумлаи хатарҳое мебошанд, ки метавонанд ба амнияти давлатҳо таъсир расонад. Дар чунин шароит нақши Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди Ватан боз ҳам муҳимтар мегардад. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба ҳар гуна таҳдидҳои эҳтимолӣ дар пайи тавсеаи фаъолият машқу тамринҳои доимӣ гузаронида, дар самти мубориза бо хатарҳои ҷаҳонӣ омодагии доимӣ мебинад.
Густариши ҳамкории ҳарбиву техникии Тоҷикистон бо давлатҳои гуногун ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ низ назаррас аст. Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай мавриди таваҷҷуҳ қарор дошта, барномаи «Ҳамкорӣ баҳри сулҳ» давоми солҳои охир мустаҳкаму пурсамар гардид, ки аз неруи пурқудрат будан дарак медиҳад. Машқҳои зиддитеррористии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай «Норак — зиддитеррор» 17-19 апрели соли 2009 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, машқҳои муштараки ҳарбии зиддитеррористии «Мирная миссия — 2012» 8 — 14 июни соли 2012 дар машқгоҳи «Чоруқдаррон» аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Дар робита ба ин, дар қаламрави кишвар дигар машқҳои муштараки ҳарбӣ дар солҳои гуногун ташкил ва гузаронида шудаанд, ки ҳадаф аз ин тақвият бахшидан ва табодули таҷрибаҳои низомӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамасола қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мустақилона ва ё ҳамроҳ бо дигар сохторҳои қудратӣ размоиш баргузор карда, омодагии ҷангиашонро пайваста густариш медиҳанд. Дар ин раванд ҳамкории сохторҳои дахлдор, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа барои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли наврас аҳамияти махсус дорад.
Артиши миллӣ ба сохтори муташаккили ҳарбӣ табдил ёфта, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, руҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ ҳимояи Ватан, ҳифзи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқи тоҷикро сарбаландона анҷом медиҳад. Мардуми Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони боэътимодро мебинанд ва бо роҳи бунёдкориву созандагӣ устуворона пеш мераванд.
Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо омодабошии доимии ҷангӣ қодир аст, ки вазифаҳои муқаддасу пуршарафи хешро вобаста ба ҳифз ва ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, муҳофизати манфиатҳои давлат ва амнияти шаҳрвандон адо намояд ва дар роҳи баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар боз ҳам қадамҳои устувор гузорад.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намудаанд: «Ман боварӣ дорам, ки тамоми хизматчиёни ҳарбии мамлакат, аз генерал то сарбози қаторӣ вазифаи муқаддаси хешро дар бобати ҳифзи амнияти давлат ва сулҳу субот дар кишвар, таъмини зиндагии осоиштаи мардум ва баланд бардоштани обрўю нуфузи байналхалқии Тоҷикистони соҳибистиқлол қувва, вақт ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани хеш чун фарзандони бонангу номус содиқона ва софдилона хизмат мекунанд».
Ҳамин аст, ки Артиши миллии Тоҷикистон ба неруи муназзам, боинтизом ва тадриҷан муҷаҳҳаз бо техникаву таҷҳизоти муосир табдил ёфтааст. Сатҳи омодагии ҷангӣ, такмили донишҳои касбӣ ва шароити хизмату зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ сол то сол беҳтар мегардад. Ин ҳама натиҷаи сиёсати ҳадафмандонаи давлат дар самти таҳкими иқтидори мудофиавӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “беш аз се даҳсола мешавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ якҷо бо ҳайати шахсии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истиқлолу озодии давлати тоҷикон, марзу буми Ватани аҷдодӣ, амнияту суботи мамлакат ва зиндагии осудаву ороми мардуми мамлакатро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя карда истодаанд”.
Артиши миллӣ мактаби мардонагӣ, ватандӯстӣ ва худшиносӣ буда, кафили оромии ҷомеа ва сипари устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Дар ин муддат афсарону сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои истиқлол хизмати содиқонаву арзандаро иҷро менамоянд.
Расул МАҶИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»








САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад






