Паралимпичиёни тоҷик бо 22 медал дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг байни 25 давлат дар зинаи дуюм қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз паралимпичиёни Тоҷикистон, ки дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг иштирок доштанд ва бо 22 медал байни 25 давлат дар зинаи дуюм қарор гирифтанд, ба Ватан баргаштанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Варзишгарон ва мураббиёни онҳоро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон ва масъулони соҳаи варзиш дар сатҳи баланд ва бо шаҳомоти хосса истиқбол гирифтанд.
Таъкид карда шуд, ки имрӯз варзишгарону мураббиёни мо бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ ҷавобан ба таваҷҷуҳу ғамхорие, ки нисбат ба онҳо зоҳир мегардад, талош меварзанд бо дастовардҳои назаррасу қобили таҳсину ифтихор Парчами давлатиро баланд бардоранд. Натиҷаи ҳамин ғамхориҳо дар самти варзиш аст, ки рӯз аз рӯз обрӯю нуфузи Ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ даҳҳо маротиба нисбат ба солҳои қаблӣ боло меравад.
Ёддовар мешавем, ки варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг, ки 30 январ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон оғоз шуда буд, 22 медал ба даст оварданд ва байни 25 давлат дар зинаи дуюм қарор гирифтанд.
Мусобиқа тамоми гурӯҳҳои синнусолиро дар бар гирифта, ба варзишгарон имкон дод, ки тибқи меъёри гуногун бо ҳам рақобат намоянд.
Ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ варзишгарони дорои имконияти маҳдудро аз 30 кишвари ҷаҳон ҷамъ оварда, ба саҳнаи намоёни қудрат, ирода ва маҳорати иштирокчиён табдил ёфтааст.
Дар ин мусобиқа паралимпичиёни дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд. Ҳайати паралимпии Тоҷикистон аз 16 варзишгар ва 2 мураббӣ иборат буда, 22 медал ба даст овард.
Ҳайати паралимпичиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистонро чор нафар духтарон ташкил менамоянд, ки мақоми варзишии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо ишғоли ҷойҳои намоён ба зинаи баланд бардоштанд.
Бояд тазаккур дод, ки барои иштироки варзишгарон дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ва сафарбарнамоии онҳо аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қабл аз сафар бо онҳо машварати роҳнамоӣ баргузор гардид.
Ҳайати паралимпичиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон ваъда доданд, ки дар партави таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, шараф ва парчами Тоҷикистони соҳибистиқлолро баланд мебардоранд.
Иштироки муваффақонаи варзишгарони тоҷик дар чунин мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба рушди армрестлинг ва пара-армрестлинг дар мамлакат такони ҷиддӣ бахшида, нуфузи Тоҷикистонро дар ҷомеаи варзишии байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшад.
АКС: АМИТ «Ховар»





















































Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






