Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд

Февраль 21, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 21.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар доираи Саммити ҷаҳонии «AI IMPACT SUMMIT – 2026» дар Ҳиндустон бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Ҷумҳурии Қазоқистон Жаслан Мадиев вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои таҳкими ҳамкориро дар самтҳои кооператсияи саноатӣ, табдили рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ ва рушди экосистемаи инноватсионӣ  баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаҳои муштараки саноатӣ бо истифода аз ҳалли рақамӣ, инчунин мубодилаи таҷриба дар соҳаи танзими меъёрӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ҳарду давлат мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 21, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд