Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: «Ҳангоми таҳияи маводи таблиғотии низомӣ бо истифода аз «зеҳни сунъӣ» риояи оиннома ҳатмӣ аст»
ДУШАНБЕ, 16.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо, кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дигар корбарони сомонаҳои расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ даъват менамояд, ки ҳангоми таҳияи аксҳо ва шиорҳои таблиғотии дорои хусусияти низомӣ бо истифода аз барномаҳои «зеҳни сунъӣ» талаботи оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикиснро қатъиян риоя намоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар доданд, вақтҳои охир дар шабакаҳои интернетӣ, аз ҷумла дар сомонаи иҷтимоии «Facebook» аксҳои сарбозону афсарони қисму воҳидҳои ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклҳои гуногуни ғайриоинномавӣ таҳия ва паҳн мегарданд, ки ба талаботи муқарраргардидаи оинномаҳои ҳарбӣ мутобиқат намекунанд.
Таъкид гардид, ки либоси хизматчиёни ҳарбӣ вобаста ба сохтор ва навъи қӯшунҳо ба таври мушаххас муайян гардида, дар он рамзҳои давлатӣ — Парчам, Нишон ва дигар аломатҳои фарқкунанда ҷой дода мешаванд. Риояи ин талабот нишонаи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҳифзи шаъну шарафи хизматчии ҳарбӣ мебошад. Ҳамзамон ин рамзҳо дар арсаи байналмилалӣ муаррифи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба шумор мераванд.
Аз ин рӯ аз масъулин талаб карда мешавад, ки таҳияи чунин маводи таблиғотӣ дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдор ва бо риояи пурраи талаботи қонунгузорӣ ва оинномаҳои ҳарбӣ амалӣ карда шавад.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






