23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд

Март 23, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 23.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон дар айни замон 54 нуқтаи ҳавосанҷӣ ва 96 дидбонгоҳи обсанҷӣ мавҷуд аст, ки ҳамарӯза ба Маркази обуҳавошиносии мамлакат доир ба вазъи боду ҳаво, ҳарорати ҳаво, бориш, самту суръати шамол, пасту баландшавии сатҳи оби дарёҳо, чангу ғубор, ҷараёни он ва муайян намудани сатҳи ғализии ҳавои атмосфера ва дигар равандҳои атмосферӣ маълумот пешниҳод менамоянд. Маълумот оид ба обу ҳаво ва огоҳиҳои барвақтӣ, ки ба вазорату идораҳо ва ташкилоти манфиатдор пешниҳод мегардад, ба коҳиши талафоти иқтисодӣ ва таъмини амнияти ҷомеа мусоидат менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тоҷикистон — аъзои WMO

23 март Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносӣ маҳсуб мешавад. Соли равон Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар саросари ҷаҳон зери шиори «Имрӯз мушоҳида мекунем — фардоро ҳифз менамоем» таҷлил мегардад.

Рӯзи обуҳавошиносӣ аз таъсиси Созмони ҷаҳонии метеорологӣ /WMO/ дар соли 1873 ва 23 марти соли 1950 эътибор пайдо намудани Конвенсияи WMO ибтидо мегирад.

WMO сохтори махсуси байниҳукуматии Созмони Милали Муттаҳид буда, 185 давлатро муттаҳид месозад. Ин созмон дар соҳаи гидрометеорология ва гидрологияи фаврӣ ҳамкории густурдаи байналмилалиро пеш бурда, ҳамкории мутақобили низоми глобалӣ, минтақавӣ ва миллии мушоҳидаи обу ҳаворо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ҳамоҳанг месозад, инчунин мубодилаи байналмилалии маълумот ва маҳсулоти гидрометеорологӣ -пешгӯиҳо, харитаҳо, таҳқиқот ва обуҳавошиносиро ба роҳ мемонад.

Таъсиси нахустин нуқтаи обуҳавошиносӣ дар Хуҷанд

Дар Тоҷикистон нахустин нуқтаи обуҳавосанҷӣ соли 1866 дар Хуҷанд ва баъдан дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар ва Мурғоб таъсис дода шуд. Соли 1926 дар Душанбе хадамоти обуҳавосанҷӣ ташкил гардид, ки баъдан ба таъсиси Агентии обуҳавошиносӣ дар ҷумҳурӣ замина гузошт. Давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ соҳаи обуҳавошиносии мамлакат рушд намуда, Тоҷикистон аъзои Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ /СҶҲ/ гардид. Бо узвият дар ин созмон Тоҷикистон уҳдадор гардид, ки бо давлатҳои аъзои ин созмон дар пешбурди соҳа ҳамкории густурда ба роҳ монда, барои табодули маълумот ва пешгӯиҳои марбут ба вазъи боду ҳаво, омӯзиши вазъи тағйирёбии иқлим ва дигар гардишҳои атмосферӣ ҳамкориро тақвият диҳад.

Фаъолияти шабакаи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи обуҳавошиносии мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои таҳкими низоми миллии мониторинги обу ҳаво, навсозии инфрасохтори обуҳавошиносӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар самти омӯзиши иқлим, захираҳои обӣ ва криосфера пайваста тадбир меандешанд. Бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат фаъолияти шабакаи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ такмил ёфта, имконияти пешгӯии зуҳуроти хатарноки табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ тақвият ёфт.

Шароити мусоиди корӣ барои обуҳавошиносон

Соли 2021 кормандони Агентии обуҳавошиносӣ соҳиби бинои нав гардиданд, ки дар он барои фаъолияти пурсамари кормандон шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосиру пешрафта ва технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ таъмин гардиданд.

Озмоишгоҳи Агентии обуҳавошиносӣ бо дастгоҳҳои муосир барои гузаронидани санҷишҳои ташхиси обҳои рӯизаминӣ, сифати фазои ҳаво ва санҷишу таъмири асбоби обуҳавосанҷӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар шароити тағйирёбии иқлим фароҳам гардидани шароити муосир ва муҷаҳҳаз гардонидани бинои нав бо таҷҳизоти муосир кормандони Агентии обуҳавошиносиро водор месозад, ки пурсамар фаъолият намуда, маълумоти саҳеҳу саривақтиро оид ба вазъи обу ҳавои мамлакат пешниҳоди аҳолӣ ва идораҳои давлатӣ созанд. Чунки рушди соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ба маълумоти обуҳавошиносон сахт иртибот дорад.

Фаврият дар интиқоли беш аз 2000 харитаи вазъи ҳаво

Дар айни замон Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ ҷамъоварӣ, коркард ва паҳн кардани маълумоти метеорологӣ, омӯзиши уқёнусҳо ва иттилоотро аз низоми моҳвораҳои метеорологии қутбӣ ва истгоҳҳои ҷуғрофии моҳворавии метеорологии тақрибан 10000 истгоҳ, ки дар хушкӣ воқеанд, 1000 истгоҳи болоии ҳавоӣ, 7300 киштӣ, 900 киштии ҳавоӣ ва 3000 ҳавопаймо ҳамоҳанг карда, ҳар рӯз 70 000 мушоҳидаи иловагӣ пешниҳод менамояд.

Шабакаи беназире, ки аз се маркази ҷаҳонии метеорологӣ -Вашингтон, Мелбурн, Москва, 4 маркази минтақавӣ ва 185 маркази миллӣ иборат аст, ҳамарӯза дар саросари ҷаҳон маълумотро дар ҳаҷми беш аз 15 миллион аломат ва 2000 харитаи вазъи ҳаво ба таври фаврӣ ҷамъоварӣ, коркард ва интиқол медиҳад.

Фаъолияти Маркази обуҳавошиносӣ асосан ба омӯзиш ва пешгӯии равандҳои обу ҳаво нигаронида шудааст. Ҳавошиносони тоҷик дар пешгӯии боду ҳавои мамлакат асосан аз моделҳои пешрафтаи Амрико, Британияи Кабир, Русия, Олмон, Ҷопон ва дигар давлатҳо истифода менамоянд, ки дурустии онҳо то 85 фоизро ташкил медиҳад. Обуҳавошиносони тоҷик ҳар се соат ба Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ доир ба вазъи об ва боду ҳавои мамлакат маълумот пешниҳод менамоянд.

Истифода аз харитаҳои ёрирасони обуҳавосанҷии моҳвораи «МETEOSAT-8»

Маркази обуҳавошиносӣ бо таҷҳизоту барномаҳои муосири компютерӣ, алоқаи моҳворагӣ ва моделҳои пешгӯии вазъи обу ҳаво ҷиҳозонида шудааст. Дар марказ дастгоҳҳои муосири истеҳсоли давлатҳои Швейтсария, Финландия, Амрико ва Олмон барои ташхису танзими дастгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дастрас ва насб гардидаанд, ки дар миқёси Осиёи Марказӣ яке аз марказҳои танзими пешқадам эътироф гардидааст. Инчунин дар шаҳрҳои Бохтар, Гулистон ва Хоруғ марказҳои обуҳавосанҷии минтақавии Агентӣ фаъолият доранд. Барои тартиб додани пешгӯиҳои якшабонарӯзӣ аз харитаҳои ёрирасони обуҳавосанҷии моҳвораи «МETEOSAT-8» — Маркази моҳворагии аврупоӣ самаранок истифода мешавад.

Рисолати Агентии обуҳавошиносӣ

Агентии обуҳавошиносӣ дар доираи ваколат мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ, серобии дарёҳо, сифати ҳавои атмосферӣ ва обҳои сатҳӣ, мушоҳидаҳои иқлимӣ, мушоҳидаҳо оид ба қабати барф ва пиряхҳо, пешгӯиҳо ва огоҳӣ оид ба сар задани зуҳуроти табииро таҳия ва ба сохторҳои дахлдор пешниҳод менамояд. Ҳоло мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ дар марказҳои обуҳавосанҷии вилоятӣ, нуқтаҳои обуҳавосанҷӣ, барфу тармасанҷӣ, агрометеорологӣ, дидбонгоҳҳои обсанҷӣ, нуқтаҳои сифати ҳаво ва шабакаи мониторинги муҳити зист пеш бурда мешаванд.

Омоданамоии мутахассис-метеорологҳо дар Тоҷикистон

Дар ҷумҳурӣ танҳо дар кафедраи иқлимшиносӣ ва метеорологияи факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мутахассис- метеорологҳо омода карда мешаванд. Рушди соҳаи обуҳавошиносӣ дар Тоҷикистон бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат таъмин гардида, барои таҳкими зерсохтори соҳавӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири мушоҳида ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии обуҳавошиносӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 23, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Оинҳои ҷашни Наврӯз дар намунаи ёдгориҳои қадим инъикос гардидаанд
Эмомалӣ Раҳмон: Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад
Саҳми Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз беназир аст
Наврӯз роҳи расидан ба саодат, адолат ва дӯстиро тавассути эҳтиром ба решаҳои таърихӣ ва табиат талқин менамояд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Оростани хони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ рамзи эҳтиром ба анъанаҳои таърихӣ мебошад
СУМАНАК ЗЕБИ БАҲОР АСТ! Суманакпазӣ яке аз анъанаҳои қадимӣ ва суннатии тоҷикон аст