5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 05.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5-6 март дар Тоҷикистон бориши бошиддати борон ва омадани сел пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бориши борони бошиддат дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ (ба истиснои ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон ва шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) дар назар аст. Дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр бориши борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад.
Рӯзҳои 5-6 март дар минтақаҳои тармафарои шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе – Чанок (километрҳои 48–74 ва 78-81), бахусус дар минтақаҳои тармафарои Майхура, Зиддеҳи ноҳияи Варзоб, инчунин дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.
Дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об эҳтимол дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон- ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии вилояти Суғд омадани сел пешгӯӣ карда мешавад.
Ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво тадбирҳои эҳтиётӣ андешанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






