Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ДУШАНБЕ, 02.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. МегаФон Тоҷикистон ба телевизиони муосири интерактивии Ajoyib.TV дастрасӣ мекушояд. Акнун таҳти як платформаи рақамӣ метавон то 100 шабакаҳои телевизионӣ, ҳазорҳо филму силсилафилмҳо, аз ҷумла контенти онлайн-кинотеатрҳои мамлакатҳои мухталифи оламро тамошо намуд. Истифодабаранда метавонад роҳҳои бо пардохти ҳаррӯза ё ҳармоҳаи хизматрасонӣ интихоб намояд.
Яке аз афзалияти муҳимтарини Ajoyib.TV – дастрасии бемаҳдуд ба контенти видеоӣ. Нарх новобаста аз он, ки истифодабаранда чанд филму барномаро тамошо кардааст, бетағйир мемонад. Ҳангоми мавҷуд будани обунаи фаъол трафики интернети мобилӣ дар доираи Ajoyib.TV нархгузорӣ намешавад.
Ҷиҳати мусбати дуюм – интихоби васеи контент дар як замима. Вобаста ба роҳи пайвасткунӣ аз 40 то 100 шабакаҳои телевизионӣ, бойгонии худии филмҳо ва инчунин контенти онлайн-кинотеатрҳои WINK, Start, Megogo, KinoUZ ва OneFC дастрас мебошанд. Аз ҷумла дар онҳо филму силсилафилмҳои беҳтарини Русия, Ҳиндустон, Туркия, Узбекистон ва давлатҳои дигар ҷойгир карда шудаанд.
Ба тамошобинон пахшҳои мустақими шабакаҳои телевизионӣ, бойгонии барномаҳо аз ҳафт рӯзи охир, ки онҳоро метавон дилхоҳ вақт тариқи пешу қафогардонии навор ва таваққуфи он тамошо кард, дастрас ҳастанд. Дар хизматрасонии Ajoyib.TV инчунин профили кӯдакона бо назорати волидайн мавҷуд аст.
Хизматрасонии Ajoyib.TV дар смартфонҳо, планшетҳо, КШ, телевизорҳои Smart TV ва дастгоҳҳои телевизорӣ кор мекунад. Дар доираи он ҳамзамон тамошо кардани наворҳо дар экранҳои то 5 дастгоҳҳои мухталиф имконпазир аст.
«Мо мунтазам экосистемаи рақамии ширкатро инкишоф медиҳем. Ajoyib.TV – воситаи қулай барои тамошои шабакаҳо ва филмҳои дӯстдошта дар дилхоҳ вақт дар дилхоҳ дастгоҳ бе нархгузории иловагии трафики интернет маҳсуб меёбад», — мегӯяд Дилшод Шарипов, роҳбари хадамоти инноватсияҳо ва технологияҳои молиявии ширкати «МегаФон Тоҷикистон».
Пайвасткунии хизматрасонии қулай баъди бақайдгирӣ дар замимаи мобилии Ajoyib.TV ва инчунин тариқи замимаи «МегаФон Life» ё бо ёрии USSD-дархостҳо имконпазир аст. Замимаи Ajoyib.TV барои Web, iOS, Android, Android TV, LG (webOS) ва Samsung (Tizen) дастрас мебошад.
Роҳҳои пайвасткуни хизматрасонии Ajoyib.TV – дар ҷадвали зерин:
| Намуди обуна | Таркиб | Муҳлати амал | Нарх | USSD барои пайвасткунӣ |
| Base Light | 40 шабакаҳои телевизионӣ ва бойгонии филмҳо | 1 рӯз | 1.00 TJS/рӯз | *1313# |
| Base Light 30 | 40 шабакаҳои телевизионӣ ва бойгонии филмҳо | 30 рӯз | 15 TJS/моҳ | *1313*30# |
| All Inclusive | 100 шабакаҳои телевизионӣ, бойгонии филмҳо, WINK, Start, Megogo, KinoUZ, OneFC | 1 рӯз | 2.00 TJS/ рӯз | *1313*2# |
| All Inclusive 30 | 100 шабакаҳои телевизионӣ, бойгонии филмҳо, WINK, Start, Megogo, KinoUZ, OneFC | 30 рӯз | 40 TJS/моҳ | *1313*2*30# |
Қатъи хизматрасонӣ – *1313*0#
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






