Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ

Март 2, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 02.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. МегаФон Тоҷикистон ба телевизиони муосири интерактивии Ajoyib.TV дастрасӣ мекушояд. Акнун таҳти як платформаи рақамӣ метавон то 100 шабакаҳои телевизионӣ, ҳазорҳо филму силсилафилмҳо, аз ҷумла контенти онлайн-кинотеатрҳои мамлакатҳои мухталифи оламро тамошо намуд. Истифодабаранда метавонад роҳҳои  бо пардохти ҳаррӯза ё ҳармоҳаи хизматрасонӣ интихоб намояд.

Яке аз афзалияти муҳимтарини Ajoyib.TV – дастрасии бемаҳдуд ба контенти видеоӣ. Нарх новобаста аз он, ки истифодабаранда чанд филму барномаро тамошо кардааст, бетағйир мемонад. Ҳангоми мавҷуд будани обунаи фаъол трафики интернети мобилӣ дар доираи Ajoyib.TV нархгузорӣ намешавад.

Ҷиҳати мусбати дуюм – интихоби васеи контент дар як замима. Вобаста ба роҳи пайвасткунӣ аз 40 то 100 шабакаҳои телевизионӣ, бойгонии худии филмҳо ва инчунин контенти онлайн-кинотеатрҳои WINK, Start, Megogo, KinoUZ ва OneFC дастрас мебошанд. Аз ҷумла дар онҳо филму силсилафилмҳои беҳтарини Русия, Ҳиндустон, Туркия, Узбекистон ва давлатҳои дигар ҷойгир карда шудаанд.

Ба тамошобинон пахшҳои мустақими шабакаҳои телевизионӣ, бойгонии барномаҳо аз ҳафт рӯзи охир, ки онҳоро метавон дилхоҳ вақт тариқи пешу қафогардонии навор ва таваққуфи он тамошо кард, дастрас ҳастанд. Дар хизматрасонии Ajoyib.TV инчунин профили кӯдакона бо назорати волидайн мавҷуд аст.

Хизматрасонии Ajoyib.TV дар смартфонҳо, планшетҳо, КШ, телевизорҳои Smart TV ва дастгоҳҳои телевизорӣ кор мекунад. Дар доираи он ҳамзамон тамошо кардани наворҳо дар экранҳои то 5 дастгоҳҳои мухталиф имконпазир аст.

«Мо мунтазам экосистемаи рақамии ширкатро инкишоф медиҳем. Ajoyib.TV – воситаи қулай барои тамошои шабакаҳо ва филмҳои дӯстдошта дар дилхоҳ вақт дар дилхоҳ дастгоҳ бе нархгузории иловагии трафики интернет маҳсуб меёбад», — мегӯяд Дилшод Шарипов, роҳбари хадамоти инноватсияҳо ва технологияҳои молиявии ширкати «МегаФон Тоҷикистон».

Пайвасткунии хизматрасонии қулай баъди бақайдгирӣ дар замимаи мобилии Ajoyib.TV ва инчунин тариқи замимаи «МегаФон Life» ё бо ёрии  USSD-дархостҳо имконпазир аст. Замимаи Ajoyib.TV барои Web, iOS, Android, Android TV, LG (webOS) ва Samsung (Tizen) дастрас мебошад.

Роҳҳои пайвасткуни хизматрасонии Ajoyib.TV – дар ҷадвали зерин:

Намуди обуна Таркиб Муҳлати амал Нарх USSD барои пайвасткунӣ
Base Light 40 шабакаҳои телевизионӣ ва бойгонии филмҳо 1 рӯз 1.00 TJS/рӯз *1313#
Base Light 30 40 шабакаҳои телевизионӣ ва бойгонии филмҳо 30 рӯз 15 TJS/моҳ *1313*30#
All Inclusive 100 шабакаҳои телевизионӣ, бойгонии филмҳо, WINK, Start, Megogo, KinoUZ, OneFC 1  рӯз 2.00 TJS/ рӯз *1313*2#
All Inclusive 30 100 шабакаҳои телевизионӣ, бойгонии филмҳо, WINK, Start, Megogo, KinoUZ, OneFC 30  рӯз 40 TJS/моҳ *1313*2*30#

Қатъи хизматрасонӣ – *1313*0#

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Март 2, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд