Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
ДУШАНБЕ, 17.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 16 март дар шаҳри Москва ҷаласаи понздаҳуми Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори ҷаласа аъзои Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия аз ҳарду ҷониб, кормандони дастгоҳҳои палатаҳои болоии парламентҳо ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа ҳамраисони Комиссия – муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода ва муовини Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Николай Журавлев сухан гуфтанд.
Тибқи рӯзнома, дар ҷаласа вазъ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар самти тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла илм, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, инчунин ҷараёни омодагӣ ба Форуми IX байнипарламентии «Тоҷикистон — Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ба рушди муносибатҳои ду кишвар дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ тақвият мебахшад.
Дар идома масъалаҳои вобаста ба баргузории ҷаласаи навбатии Комиссия баррасӣ гардиданд.
Дар фарҷом аз рӯи ҷаласаи понздаҳуми Комиссия қорорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
АКС: дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






