Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд

Март 17, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 17.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба  қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Шоҳмурод Рустам аз 12 то 13 март дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дар ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ иштирок намуд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа дар баробари даҳ масъала лоиҳаи  нави Низомнома оид ба комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва лоиҳаи Низомнома дар бораи фаъолияти қонунэҷодкунии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа оид ба ҳарду лоиҳа хулосаҳои мувофиқашудаи кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон пешниҳод гардида, дар маҷмуъ қабул дониста шуданд.

Инчунин масъалаи истифодаи лоиҳаҳои қонун ва дигар санадҳои намунавии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар фаъолияти қонунэҷодкунии парлумонҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди муҳокима қарор гирифт.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 17, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсил ва гузариш ба низоми 12-солаи таълим баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд