ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Март 8, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 08.03.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Зан-Модар таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар  миллату давлат маҳсуб мешавад. Дар фарҳанги куҳанбунёди халқи тоҷик мақоми Зан-Модар хеле олӣ мебошад. Муносибати ҳар шахс нисбат ба модар, хоҳар ва умуман зан- ин нишонаи одоби баланду ахлоқи ҳамидаи инсон аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки «Зан – Модар ойинаи чеҳранамои миллат мебошад». Дар робита ба ин АМИТ «Ховар» иқтибосҳоро  аз суханрониҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар манзури хонандагон мегардонад.

Зан – Модар рамзи оғози зиндагӣ, намунаи зебоиву меҳрубонӣ ва хуррамиву шукуфоии ҳаёти башар, яъне фарзандоне мебошад, ки онҳоро ба дунё овардааст.

***

Аслу ҷавҳари Рӯзи Модарро муҳаббату самимият, покию садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба Зан-Модар ташкил медиҳад.

***

Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меорад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд.

***

Зане, ки босавод ва соҳибмаърифату соҳибҳунар мебошад, илова ба тарбияи фарзанд дар пешбурди ҳадафҳои давлат, ободии Ватан ва раванди созандагӣ фаъолона штирок мекунад ва дар бунёди ҷомеаи демократию дунявӣ ва озоду пешрафта саҳми арзишманд мегузорад.

***

Нақши зан – модари тоҷик дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату соҳибкасб, рушди маънавии оила ва ҷомеа, инчунин, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ободиву пешрафти давлати тоҷикон бисёр арзишманд мебошад.

***

Мо ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорату кордонии модарону бонувони азизамон таҳсин мехонем ва бовар дорем, ки онҳо дар оянда дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат, пешрафти ҷомеа ва ободии Ватани маҳбубамон саҳми боз ҳам бештар мегузоранд.

***

Тамоми сиёсатмадорону давлатдорон, донишмандону нобиғаҳо, бузургони олам, аз ҷумла пайғамбарон дар домони поки модар, бо шири сафед ва навозишу меҳрубониҳои ӯ ба камол расидаанд.

***

Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад.

***

Занону модарони тоҷик давоми таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳамеша чароғи пурфурӯғи хонавода, манбаи адонашавандаи меҳр, мазҳари ишқу зебоӣ, намоишгари покӣ, намунаи олии меҳрубонӣ ва чашмаи иноят будаанд.

***

Модар мураббии нахустини инсон, субҳи гулафшони баҳор, хуршеди ишқу муҳаббат, паёмовари сулҳу сахо ва дарёи бепоёни меҳр аст.

***

Занон ва хоҳарону духтарони мо имрӯз бо рафтору гуфтори нек, андешаи солим, нангу номус ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми басе арзишманд доранд.

***

Зан – Модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад.

***

Модар мавҷудест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ӯро бо шири сафеду ҷонбахшаш ва бо муҳаббате, ки танҳо хоси модарон аст, тарбия мекунад, ба камол мерасонад ва ба чорсӯи зиндагӣ дуои нек медиҳад.

***

Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро бар дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.

***

Занону модарони мо бо дастони пурмеҳрашон ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад.

***

Мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати Модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар халқу миллат мебошад.

***

Модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад.

***

Танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад.

***

Зан – модар табиатан офаранда, созанда, парваришгар, ҷомеасозу ояндасоз ва идомабахши ҳаёт мебошад.

***

Модар то вақте, ки дар қайди ҳаёт аст, фарзанд барояш мисли ҳамон тифлаки азизу ширини дирӯза аст: ӯро навозишу эҳтиёт мекунад ва ҳаргиз намехоҳад, ки доғи фарзандашро бинад.

***

Дили тавонои Модар муҳаббатро мепарварад, руҳафтодагону дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва неруи зиндагӣ ато менамояд.

***

Ҳамду сано ба Зан-Модар, ки муҳаббати ӯ интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ӯст.

***

Модар бо иффат, ақлу фаросат, бо хулқи ҳамида ва меҳру шафқат рӯзгори моро зеб медиҳад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 8, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Дар Сарраёсати Вазорати молия дар Хатлон Рӯзи Модар таҷлил гардид
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»
Ниёгони мо дар рӯзгори пешин ҳам ҷашни занонро таҷлил мекарданд. Эҳдо ба Рӯзи Модар
НИМ АСР ДАР ТАЪЛИМИ ҶОМЕА. Занони Тоҷикистон дар пешбурди низоми маориф низ саҳми арзанда доранд
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ба ифтихори Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир шуд