Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон чорабиниҳои бошукуҳи фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз як қатор чорабиниҳои бошукуҳи фарҳангӣ, фестивал ва сайругашти наврӯзӣ баргузор гардида, иншооти соҳаи тандурустӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Аз ҷумла, бахшида ба ҷашни Наврӯз Фестивали таомҳои миллӣ бо шаҳомати хос баргузор гардид.
Фестивал бо иштироки густурдаи сокинон, занону бонувони ҳунарманд ва ҷавонони фаъол баргузор гардида, ҷилои тозае ба анъанаҳои неки ниёгон бахшид. Дар раванди чорабинӣ фарҳанги меҳмоннавозӣ, зебоипарастӣ ва суннатҳои миллии тоҷикон ба таври шоиста муаррифӣ гардида, арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии ҷомеа боз ҳам равшан инъикос ёфтанд.
Иштирокчиён бо пешниҳоди навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши палав, далда, оши бурида, сихкабоб, навъҳои мухталифи кабоб, суманак ва дигар хӯрокҳои суннатӣ, ба ҷашни Наврӯз рангу таровати хос зам намуда, фазои идонаро боз ҳам хотирмонтар гардониданд.
Ҳамзамон дар ноҳияи Ёвон маликаи Наврӯз бо либоси миллӣ ва ҳусни зебои идона сайру гашти пагоҳирӯзӣ анҷом дод. Ин иқдом ҳамчун рамзи фарорасии фасли баҳор ва эҳёи табиат ба сокинон руҳу илҳоми тоза бахшид.
Маликаи Наврӯз аз кӯчаву хиёбонҳои марказии ноҳия гузашта, ба мардум муждаи омадани Наврӯзи оламафрӯзро расонид.
Чунин чорабиниҳо дар доираи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардида, ба таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои неки ниёгон мусоидат менамоянд.
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар деҳаи Гулистон-2-и ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон маросими тантанавии ифтитоҳи бунгоҳи нави саломатӣ баргузор гардид.
Бунгоҳи мазкур дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими кушодашавии бунгоҳи мазкур раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода аҳамияти бунёди чунин муассисаҳои иҷтимоиро дар беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ муҳим арзёбӣ кард.
Бунгоҳи саломатии «Гулистон-2» бо саҳми сокинони маҳаллӣ бунёд гардида, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ пурра таъмин карда шудааст.
Ин иқдом имконият фароҳам меорад, ки сокинони деҳа ва маҳалҳои атроф аз хизматрасониҳои босифати тиббӣ дар наздикии маҳалли зисти худ баҳра баранд.
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар кӯчаи ба номи Тағоймурод Хушвахтови шаҳраки Ёвон низ намоиши бошукуҳу пурмуҳтавои дастовардҳо ва хони анъанавии «ҳафтсин» ва «ҳафтшин» ба маърази тамошо гузошта шуд.
Чорабинии идона дар фазои тантанавӣ ва руҳбаландӣ баргузор гардида, дар он анъанаҳои неку арзишманди ниёгон бо тарҳи зебову мазмуни амиқ муаррифӣ шуданд. Ин намоиш бозгӯи эҳтиром ба мероси фарҳангии миллат, эҳёи суннатҳои миллӣ ва таҳкими ҳисси худшиносиву ифтихори миллӣ миёни сокинон арзёбӣ мегардад.
Намоишгоҳ бо иштироки васеи сокинону меҳмонон баргузор гардида, ҳар як гӯшаи он таҷассумгари фарҳанги ғанӣ, ҳунари волои мардумӣ ва суннатҳои деринаи халқи тоҷик буд. Муҳити идона ва шукуҳи Наврӯзӣ дар қалби иштирокчиён эҳсоси шодмонӣ, ваҳдат ва муҳаббат ба арзишҳои миллиро боз ҳам тақвият бахшид.
Инчунин дар деҳаи Кишоварзӣ ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон маросими тантанавии ифтитоҳи маркази саломатӣ баргузор гардид.
Ин муассисаи тиббӣ дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз азнавсозии пурра ва муҷаҳҳаз гардидан бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва барномаҳои шарикони рушд мавриди истифода қарор дода шуд.
Азнавсозии маркази саломатии Шурча ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани он имконият фароҳам меорад, ки сокинони деҳа ва маҳалҳои атроф аз хизматрасониҳои босифати тиббӣ баҳра бардоранд.
Дар маҳаллаи Саъдӣ Шерозии ҷамоати деҳоти шаҳраки Ёвон низ маросими тантанавии ифтитоҳи маркази саломатӣ баргузор гардид.
Ин муассисаи тиббӣ дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз азнавсозии пурра ва муҷаҳҳаз гардидан бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва барномаҳои шарикони рушд мавриди истифода қарор дода шуд.
Азнавсозии маркази саломатии Шурча ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани он имконият фароҳам меорад, ки сокинони деҳа ва маҳалҳои атроф аз хизматрасониҳои босифати тиббӣ баҳра бардоранд.
Дар деҳаи Фурқати ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон маросими тантанавии ифтитоҳи маркази саломатӣ баргузор гардид.
Ин муассисаи тиббӣ дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз азнавсозии пурра ва муҷаҳҳаз гардидан бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва барномаҳои шарикони рушд мавриди истифода қарор дода шуд.
Зимни чорабинӣ инчунин таъкид шуд, ки рушду таҳкими соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, татбиқи чунин лоиҳаҳо ба беҳдошти саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.
Суратгузориш аз тантанаҳои бошукуҳи наврӯзӣ ва ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Ёвон пешниҳод мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон




























Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода ботантана таҷлил гардид
Дар Душанбе доир ба таърихи ҷашни Наврӯз конфренсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои идона доир мешаванд
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҷашни Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд
ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд






