Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд

Март 27, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 27.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар доданд.

Иброз гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ ва мероси гаронбаҳои ниёгон рамзи эҳёи табиат, сулҳу ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад.  Бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти давлат Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷашни умумибашарӣ эътироф гардидааст. Дар ин замина дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 ба аҳамияти таърихию фарҳангии Наврӯз таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, масъалаи бунёди Маркази байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Душанбе ба миён гузошта шуд.

Таъкид карда шуд, ки бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои муаррифии ҳарчи бештари суннату анъанаҳои миллӣ, рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва таҳкими нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Баён гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат ва рамзи арзишҳои олии инсонӣ мардумро ба сулҳу субот, ваҳдат ва созандагӣ ҳидоят менамояд. Дар саросари мамлакат ба ифтихори Наврӯз баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва расму оинҳои миллӣ ба ҳукми анъана даромада, барои баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 27, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
АРҒУНЧАКБОЗИИ НАВРӮЗӢ. Он рамзи шодиву нишот ва фарҳанги қадимии тоҷикон мебошад
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад