Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
ДУШАНБЕ, 28.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи таҳлили олимони соҳаи тиб, бемории аллергия дар 85 фоизи одамон дар фасли баҳор авҷ мегирад. Зеро аллергенҳо дар хоки намноки аз барф обшуда, баргҳо ва алафҳои хушкида пайдо мешаванд. Хусусан дар фасли баҳор ва тирамоҳ, ки чанг бисёр ва ҳар гуна ҳашарот зиёд мешаванд, гирифторони аллергия низ меафзоянд.
Дар фасли баҳор бархе одамон нисбат ба омилҳои берунӣ, ба монанди хӯрокиҳо, атрҳо, гарди гулҳо, гарду хок ва дигар чизҳо ҳассосият пайдо менамоянд. Он ба таври маъмул-дар шакли хориш, сӯзиш, атса, сурфа, обрезии бинӣ, ашки чашм ва илтиҳоби роҳҳои нафаскашӣ зоҳир мегардад. Дар тибби имрӯза онро аллергия меноманд.
Нишонаҳои аллергия метавонанд дар ҷойҳои гуногуни организм пайдо шуда, шояд аз чанд дақиқа то чанд соат давом кунанд. Мутахассисон чунин нишонаҳои ин бемориро номбар намудаанд: нафаскашии душвор, сулфаи давомдор, чашмони сурхшуда ва обрав, дард ва илтиҳоби буғумҳо, шукуфа дар пӯст, шикамравӣ, қайкунӣ ва ғайраҳо.
Инчунин он метавонад аз таъсири пашми баъзе намудҳои ҳайвонот, маводи хӯроквории гуногун, чангу ғубор, доруҳо, маводи кимиёвӣ, газидани ҳашарот, гарди гулҳо ва таъсири Офтоб пайдо шавад.
Одамоне, ки дигар намуди бемориҳои аллергӣ, масалан астмаи бронхиалӣ ё шукуфа (экзема) доранд, дар аксар мавридҳо аз зукоми аллергӣ низ азият мекашанд. Ҳангоми гирифторӣ ба зукоми аллергӣ шояд нишонаҳои зерин пайдо шаванд: хориш дар чашмон, дар гулӯ, дар бинӣ ва дар ком, атсазанӣ ва инчунин маҳкамшавии бинӣ, обравӣ аз чашмон, обравии луобӣ аз бинӣ, сурхшавӣ ва дарди чашмон. Дар ҳолатҳои вазнин зукоми аллергӣ метавонад хурӯҷи астма (дар одамоне, ки аз астма азият мекашанд) ва ё шукуфа (экзема)-ро пайдо кунад.
Ба тавсияи мутахассисон, ин беморӣ хатарнок нест, аммо омилҳои он метавонанд ба бадани инсон зарари ҷиддӣ расонанд. Агар яке аз волидон аллергия дошта бошад, эҳтимоли пайдоиши аллергия дар фарзандон ба назар мерасад. Аллергия дар аксар маврид дар синни кӯдакӣ пайдо мешавад ва он бо мурури вақт афзоиш меёбад. Дар ин маврид мутахассисон кӯшиш менамоянд, ки истифодаи доруҳоро кам намоянд, зеро бояд системаи масуниятии кӯдак бо он мубориза барад.
Вақте системаи масуният ба аллергия дучор мешавад, илтиҳоб ва асабоният ба вуҷуд меояд. Аломатҳо ва нишонаҳо аз намуди аллергия вобастаанд. Аксуламалҳои аллергиявӣ метавонанд дар рӯдаҳо (системаи ҳозима), пӯст, роҳҳои нафас, чашм ва бинӣ ҷой гиранд.
Бештари инсонҳо аллергияро ҷиддӣ қабул накарда, худсарона муолиҷа мекунанд ва доруҳои зиддиалергӣ истеъмол менамоянд. Ин амали онҳо боиси пайдо гардидани бемориҳои гуногун мегардад. Дар ҳолати мушоҳида намудани нишонаҳои аллергия ҳатман ба духтури оилавӣ ё ба духтур-аллерголог муроҷиат намуда, аз санҷишҳои махсус гузаштан зарур аст. Барои пешгирӣ аз мубталоӣ ба аллергия бояд, пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти санитарию гигиенаи шахсиро риоя намуд. Инчунин тарзи ҳаёти солим, истеъмоли ғизои табиӣ ва истифодаи дурусти дорувориҳо зарур аст.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад






