Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки ҳамватанони бурунмарзии кишвари иқомат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷӣ чорабинӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд, дар сафорат гӯшаи намоишии «Суфраи наврӯзӣ» бо ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, кандакорӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, кулолгарӣ, чӯбтарошӣ, бофандагӣ ва ресандагӣ, асбоби мусиқӣ, инчунин китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маводи сайёҳӣ, хӯроку қаннодии анъанавии миллӣ бо шукуҳи хосса ороиш дода шуд, ки аз ҷониби меҳмонон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баҳои баланд гирифт.
Ҳамзамон хони наврӯзӣ бо “Ҳафтсину ҳафтшин” (суманак, сабза, себ, санҷид, сир, сипанд, самбӯса, шарбат, шакар, ширинӣ, ширбиринҷ, шир, шамъ бо шамъдон, шона) оро дода шуд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода изҳор намуд, ки мардуми тоҷик Наврӯзро чун ҷашни фархунда ва рамзи меҳру муҳаббату садоқат ба таърихи ниёгон таҷлил менамояд.
Сафири Тоҷикистон оид ба таърихи Наврӯз сухан ронда, гуфт, ки Наврӯз ҷашни дӯстӣ, сулҳ, покизагӣ ва эҳёи табиат мебошад. Он дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба сатҳи сифатан нав боло рафта, дар ҳамоҳангӣ бо дигар тадбирҳои ҳувиятсоз сол то сол ғанитару бошукуҳтар мегардад.
Сафир таъкид кард, ки бо шарофати заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омилҳои муассиру тавонои пояндагии миллати мо- мавҷудияти силсилаҷашнҳои аҷдодӣ, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон эҳё гардиданд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода ҳамагонро бо Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, оид ба нақши муҳими Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нигоҳ доштани сулҳу субот, ки асоси рушд ва шукуфоии босуръати Тоҷикистон аст, сухан гуфт.
Баъдан барномаи фарҳангӣ-консертӣ пешкаши ҳозирин гардида, чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ ва руҳияи идона ҷамъбаст карда шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон














Дар Вазорати адлия ҷашни Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил карда шуд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Кумитаи рушди маҳал бахшида ба ҷашни Наврӯз ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷашни Наврӯз ботантана таҷлил гардид
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти ин унвон дар Ёвон ҳамоиши бошукуҳи наврӯзӣ доир шуд
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҷашни Наврӯзро бо риояи суннатҳои миллӣ таҷлил намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Шукуҳи наврӯзии муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд






