Дар Кумитаи рушди маҳал бахшида ба ҷашни Наврӯз ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид

Март 31, 2026 08:20

ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид. Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки мардуми тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ тавассути сиёсати оқилона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангу анъана ва арзишҳои волою муқаддаси худро эҳё намуданд.

Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои миллии мо буда, аз рӯзгори қадим ибтидо мегирад ва то ба имрӯз идея ва анъанаҳои олии миллӣ ва умумибашарияшро бо беҳтарин ваҷҳ идома мебахшад.

Изҳор гардид, ки Наврӯз, қабл аз ҳама, ҷашни кишоварзон аст, зеро он айёми эҳёи табиат, фарорасии кишту кори деҳқон ва  робитаи инсон бо табиат мебошад. Халқ ин ҷашни миллиро давоми қарнҳои тӯлонӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, ойини ибратомӯзи онро сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ донистааст. Он на танҳо рамзи эҳёи табиат ва оғози фасли баҳор аст, балки таҷассумгари ормонҳои неки инсонӣ — сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ маҳсуб мешавад. Ин ҷашни бостонӣ мардумро ба созандагиву бунёдкорӣ, эҳтироми анъанаҳои миллӣ ва пос доштани арзишҳои фарҳангӣ ҳидоят менамояд.

АКС: Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 31, 2026 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд