Дар Вазорати адлия ҷашни Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки роҳбарият, кормандон ва сохторҳои тобеъ дар фазои идона ва бо риояи расму ойинҳои миллӣ таҷлил карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иброз дошт, ки Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳои миллӣ буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ин иди бостонӣ дар мамлакат бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
«Ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз ва эътирофи он ҳамчун ҷашни байналмилалӣ самараи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рамзи сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳо дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад»,- баён намуд Музаффар Ашуриён.
Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз далели он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин ойини воқеан ва моҳиятан фарҳангию инсонпарварона эҳтиром дорад. Ин ҷашн ҳамчун воситаи сулҳу субот, покию садоқат ва зебоию бедории табиат эътироф карда мешавад.
Наврӯз бо нақши созандааш ба шудгор ва кишту кори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбутта, хуллас оғози ҳама корҳои мавсимии баҳор ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз тоҷикон ин иди азизу муқаддаси ниёгонро бо хурсандию арҷгузории беандоза таҷлил намуда, беҳтарин орзую ормонҳояшонро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонанд.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






