Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
ДУШАНБЕ, 25.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон занон таомҳои суннатию маҳаллие омода мекунанд, ки ҳар кадом ба табиату фарҳанги ҳамон минтақа хос аст. Аз ҷумла, сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастархони идонаи худро бо хӯрокҳои анъанавие, чун қумочҳои наврӯзӣ, боҷ, кочӣ ва хихс оро дода, ба ин восита расму ойинҳои ниёгонро пос медоранд ва фарҳанги ғании худро ба наслҳои оянда мерос мегузоранд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи чанд намуд таомҳои наврӯзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва тарзи тайёр кардани онҳо маълумот ҷамъоварӣ намудааст, ки пешниҳод менамоем.
Қумочҳои наврӯзӣ
Дар рӯзи Наврӯз соҳибхоназанони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон якчанд навъи қумоч ва кулча тайёр мекунанд, ки ҳар яке аз онҳо бо шакл ва тарзи тайёр кардани худ аз ҳам фарқ доранд. Масалан, деҳқонқумочро аслан дар рӯзи Наврӯз омода мекунанд. Вақте ки деҳқон поруи аввалро ба замин мебарорад, аз ҳамин қумоч ба он ҷо мебаранд ва ба ҳозирбудагон медиҳанд.
Дар Бадахшон боҷ ғизои муҳимтарини наврӯзӣ маҳсуб мешавад. Дар шаби дуюми Наврӯз тамоми хонаводаҳо боҷ омода мекунанд. Барои омода кардани ин ғизо як қисмати гӯшт бо каллаву поча ва гандуми навъи беҳтарин ҷудо карда мешавад. Гандум дар булбулоксанг нарм кӯфта шуда, қисматҳои дурушти он ҷудо мегарданд.
Вақте шаб фаро мерасад, соҳибхоназан дегро рӯи оташ мемонад. Калони хона аввал гӯшт ва гандуми кӯфтаи дуруштро ба дег меандозад. То ба ҷӯш омадани боҷ аз хона баромадани касе мумкин нест.
Боҷ табиатан ғизои дерпаз аст, аз ин рӯ зиёд ҷӯшонида мешавад. Пас аз он ки гандумдалдаи дурушт дар боҷ пухта нарм шуд, гандуми кӯфтаи нармро ба даруни дег меандозанд. Боҷро то дер ҷӯшонда, сипас дар кӯзаи калони гилӣ мерезанд ва кӯзаро даруни оташдон болои лахчаҳо мемонанд. Боҷ нарм-нарм то субҳ меҷӯшад.
Сипас аъзои хонаводаҳо боз ҳамдигарро табрик ва «шогун баҳор муборак» мегӯянду ба сари хон мешинанд. Боҷ, ки то субҳ пухта шуда, гӯшту гандум маззаи ҳамдигарро ҷаббиданд, ба моеи ширешмонанде табдил меёбад. Мардуми Бадахшон тибқи русуми куҳан онро то чанд рӯз ҳам худашон тановул мекунанд ва ҳам ба ҳамсояҳо тақсим мекунанд.
Кочӣ
Дар ноҳияҳои Бадахшон таоми дигаре ҳаст, ки дар рӯзи якуми ҷуфтбаророн омода карда мешавад. Дар хонаҳои деҳқонон дар ин рӯз таоми махсус аз орду об ва равғану шир омода мегардад, ки мардум онро кочӣ меноманд. Соҳибхоназан саҳар дегро болои оташ гузошта, ба он об меандозад ва вақте об ҷӯшид, ба он орд илова карда, то сахт шудани он мекобад. Сипас омода мешавад ва ба он ширу равғани зард илова мекунанд. Мардуми ин минтақа онро рамзи сериву пурӣ арзёбӣ мекунанд.
Хихс (ҳалвои сафед)
Дар Бадахшон ин намуди ҳалво то замони имрӯз низ аҳамияти худро гум накардааст. Ҳалво, яъне хихсро мардуми маҳаллӣ махсусан дар суру маъракаҳо ва ҷашну маросим аз шакар, орд ва равған омода карда, рӯйи дастархон мегузоранд. Он ҳамчун рамзи ширинии ҳаёт дар ҷашни арӯсӣ ва маросими дигар бо муроду орзуҳо ба соҳибҷашнҳо чашонида мешавад. Хосатан дар ин минтақа, ки Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамчун иди бузург аст, бо фарорасии он занони деҳа ё маҳалла дар як хона ҷамъ омада, нахуст зани солхӯрда дар дег равған меандозад ва гарм мекунад. Баъд аз он орд дар равған андохта, онро омехта мекунад ва пас аз ғафс шудан онро аз болои оташ гирифта, дар табақҳои сирдори калон ба занон тақсим мекунад. Онҳо бо қошуқи калони махсуси аз чӯб тайёркардашуда аввал молида, сипас баъди каме хунуктар шудан бо даст сахт-сахт молидан мегиранд. Хихс ранги сафед мегирад, баъдан ба он каме ширро бо шакар илова мекунанд ва то омода шуданаш занон онро мемоланд. Сипас ба косачаҳои майда онро бардошта, ба занон бо яктоӣ кулча тақсим карда, боқимондаро барои хонавода болои дастархон мегузоранд.
Бояд гуфт, ки ҳар ноҳия ё шаҳр вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ ва талаботи иҷтимоӣ хӯрокҳои маҳаллии худро дорад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби фаровон будани маҳсулоти зироаткорӣ таомҳои маҳаллӣ дар шаклу намудҳои мухталиф омода карда мешаванд. Дар баробари касбу ҳунарҳои мардумӣ таҳияи хӯрокҳои гуногуни маҳаллӣ низ ифодагари фарҳанги ин минтақа ба ҳисоб мераванд. Мардуми маҳаллӣ ин русуми қадимиро ҳифз карда, онро ба ояндагон мерос мегузоранд.
АКС аз манбаъҳои боз









Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд






