Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 25.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Толятти ҷашни Наврӯзи байналмилалиро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Чорабинии идона дар фазои тантанавӣ бо иштироки намояндагони масъули маркази фарҳангии тоҷикон, фаъолони ҷамъиятӣ, донишҷӯён ва ҳамватанони муқими Федератсияи Русия баргузор гардид.
Нахуст меҳмонон бо намоиши дастархони идонаи наврӯзӣ, ки бо анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла суманак ва дигар шириниҳои суннатии тоҷикӣ ороста шуда буд, шинос шуданд.
Дар гӯшаҳои алоҳида намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, чакандӯзӣ ва заргарӣ ташкил карда шуд, ки таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб намуд.
Яке аз бахшҳои ҷолиби дигари чорабинӣ намоиши либосҳои миллӣ буд, ки дар он духтарон ва занон бо либосҳои зебои атласу адрас ва чакан баромад намуда, зебоии фарҳанги тоҷиконро муаррифӣ карданд.
Дар чорабинӣ иброз гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ва байналмилалӣ рамзи эҳёи табиат, сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳо мебошад. Маҳз чунин чорабиниҳо ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстии байни миллатҳо мусоидат намуда, барои муаррифии фарҳанги бойи тоҷикон дар хориҷи ҷумҳурӣ нақши муҳим мебозанд. Фаъолияти марказҳои фарҳангии тоҷикон барои ҳифзи ҳувияти миллӣ, забон ва анъанаҳои аҷдодӣ аҳамияти хос дорад.
Барномаи рангини фарҳангӣ бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона ва халқӣ, рақсу таронаҳои ҷаззоб ва саҳнаҳои театрии марбут ба расму ойинҳои наврӯзӣ табъи иштирокчиёнро болида гардонид.
Таъкид гардид, ки таҷлили бошукуҳи Наврӯз дар хориҷи мамлакат нишонаи арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии ниёгон ва далели равшани ваҳдату ҳамбастагии тоҷикон дар саросари ҷаҳон мебошад. Чунин иқдом минбаъд низ идома ёфта, дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории фарҳангӣ байни халқҳо саҳми арзанда мегузорад.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






