Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид

Март 2, 2026 18:00

ДАНҒАРА, 02.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Одамрабоӣ ё савдои одамон амалест, ки дар он шахс бо зӯрӣ, таҳдид, фиреб ё маҷбуркунӣ аз ҷойи будубоши худ бар хилофи иродааш бурда мешавад. Ин ҷинояти вазнин ба шумор рафта, барои он дар ҳама кишварҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷазо пешбинӣ гардидааст. Ин маталаб  дар ҷаласаи Комиссияи ҳудудии Мақомоти иҷроияи ҳокимиятидавлатии ноҳияи Данғара оид ба муқовимат ба савдои одамон баён гардид. ба АМИТ «Ховар» аз ин мақомот иттилоъ доданд.

Зимни ин ҷаласа фаъолияти аъзои Комиссияи ҳудудии Мақомоти иҷроияи ҳокимиятидавлатии ноҳияи Данғара оид ба муқовимат ба савдои одамон дар давраи сипаригашта тибқи қарор «Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024»  баррасӣ ва натиҷагирӣ карда шуд.

Иброз гардид, ки дар ҷаҳони муосир ин амал бештар ба баҳсҳои шахсӣ, ҷиноятҳои муташаккил ва савдои одамон рабт дорад. Ҳарчанд бисёр кишварҳо бар зидди одамрабоӣ қонунҳои сахт ё вазнин доранд, ин амал то ҳол дар ҷомеаҳо ба мушкилоти ҷиддӣ мубаддал шудааст.

Таъкид шуд, ки дар ҷаҳони имрӯз дар баробари терроризму эстремизм, сепаратизим, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва дигар таҳдидҳои геополитикӣ савдои одамон низ мушкилоти нигаронкунанда мебошад.

Масъалаҳои марбут ба савдои одамон дар шароити имрӯза таҳти таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад, зеро он ҳамчун зуҳуроти манфӣ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи инсонӣ зарари ҷуброннопазир мерасонад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Март 2, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад