Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
ДАНҒАРА, 02.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Одамрабоӣ ё савдои одамон амалест, ки дар он шахс бо зӯрӣ, таҳдид, фиреб ё маҷбуркунӣ аз ҷойи будубоши худ бар хилофи иродааш бурда мешавад. Ин ҷинояти вазнин ба шумор рафта, барои он дар ҳама кишварҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷазо пешбинӣ гардидааст. Ин маталаб дар ҷаласаи Комиссияи ҳудудии Мақомоти иҷроияи ҳокимиятидавлатии ноҳияи Данғара оид ба муқовимат ба савдои одамон баён гардид. ба АМИТ «Ховар» аз ин мақомот иттилоъ доданд.
Зимни ин ҷаласа фаъолияти аъзои Комиссияи ҳудудии Мақомоти иҷроияи ҳокимиятидавлатии ноҳияи Данғара оид ба муқовимат ба савдои одамон дар давраи сипаригашта тибқи қарор «Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024» баррасӣ ва натиҷагирӣ карда шуд.
Иброз гардид, ки дар ҷаҳони муосир ин амал бештар ба баҳсҳои шахсӣ, ҷиноятҳои муташаккил ва савдои одамон рабт дорад. Ҳарчанд бисёр кишварҳо бар зидди одамрабоӣ қонунҳои сахт ё вазнин доранд, ин амал то ҳол дар ҷомеаҳо ба мушкилоти ҷиддӣ мубаддал шудааст.
Таъкид шуд, ки дар ҷаҳони имрӯз дар баробари терроризму эстремизм, сепаратизим, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва дигар таҳдидҳои геополитикӣ савдои одамон низ мушкилоти нигаронкунанда мебошад.
Масъалаҳои марбут ба савдои одамон дар шароити имрӯза таҳти таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад, зеро он ҳамчун зуҳуроти манфӣ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи инсонӣ зарари ҷуброннопазир мерасонад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






