Дар Душанбе доир ба таърихи ҷашни Наврӯз конфренсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд

Март 24, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз на танҳо ҷашни мавсимӣ, балки падидаи муҳими фарҳангие мебошад, ки аз умқи таърих сарчашма мегирад. Давоми асрҳо ин ҷашн ҳамчун рамзи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар байни мардумон хизмат кардааст. Дар фарҳанги тоҷикон Наврӯз бо анъанаҳои зебо, ойинҳои қадимӣ ва расму русуми пурмазмун таҷлил мегардад. Чунин иброз гардид дар конфренсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Наврӯз- мероси ҷовидонаи тамаддуни ориёӣ», ки дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Бобозода иброз намуд, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони ориёитабор аст, ки давоми таърих арзишҳои бузурги фарҳангӣ, маънавӣ ва инсонпарваронаро таҷассум намудааст.

Иброз гардид, ки имрӯз Наврӯз ба ҳайси ҷашни байналмилалӣ дар бисёр давлатҳои ҷаҳон таҷлил гардида, ҳамчун рамзи эҳё, сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдилии мардумон шинохта мешавад.

Иштирокдорон доир ба Наврӯз чун рамзи худшиносии миллӣ, Наврӯз — ҷашни бостонӣ ва инсонӣ дар таърихи мо ва аҳамияти иҷтимоӣ-фарҳангии ҷашни Наврӯз дар рушди ваҳдату ҳамбастагии мардум ибрози андеша намуданд.

АКС: Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот

Март 24, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода ботантана таҷлил гардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон чорабиниҳои бошукуҳи фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардиданд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои идона доир мешаванд
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҷашни Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд
ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд