Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд

Март 27, 2026 13:55

ДУШАНБЕ, 27.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 март дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварда, ҷойҳои таърихию муқаддаси ин шаҳри бостониро тамошо намуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бухоро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии самимии меҳмони олиқадр — Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳни фурудгоҳ идона ороста шуда буд.

Барномаи рангини ҳунарии устодон ва ҳаваскорони ин кишвар бозгӯ аз эҳтироми самимӣ нисбат ба меҳмони олиқадр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, зеро бо иродаи қавии сиёсии Сарони кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистону Узбекистон солҳои охир барои таҳкиму тавсеи робитаҳои дӯстии мардумони бародари тоҷику узбек қадамҳои устувор гузошта шуда, бисёр тадбирҳои созанда амалӣ мегардад.

Идомаи сафари давлатӣ дар шаҳри Бухоро 27.03.2026

Март 27, 2026 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд