Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд

Март 9, 2026 10:30

ҲИСОР, 09.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор маъракаи муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба фасли баҳор ва мавсими кишт баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода иттилоъ дод.

Дар чорабинӣ изҳор гардид, ки кишту кори зироати кишоварзӣ аз омодагии техника вобастагӣ дорад. Дар асоси маълумоти Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор, ҳоло дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр 630 техникаи гуногунтамға мавҷуд аст. Аз ин 61 адад трактори тасмачархи шудгоркунанда, 62 адад трактори нармкунанда ва 507 адад нақлиёти кишоварзӣ аст.

Дар шаҳри Ҳисор 92 фоизи  техникаи соҳаи кишоварзӣ ба мавсими кишту кори баҳорӣ омода карда шудааст, ки  ин нишондод дар байни шаҳру ноҳияҳои мамлакат беҳтарин ва баландтарин мебошад. Ҳамчунин дар шаҳри Ҳисор  барои беҳтар намудани дастрасии хоҷагиҳои кишоварзӣ ба техникаҳо бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Агротехсервис” ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст.

Ёдовар мешавем,  ки соли 2025 бо  заҳмати деҳқонон ва механизаторон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор  нисбат ба соли 2024 ба маблағи 89 миллион сомонӣ зиёд гардида ба 1 миллиарду  588 миллион сомонӣ баробар гардид ва суръати рушд 105,9 фоизро ташкил дод.

Мувофиқи  дурнамои кишт, имсол дар 6302 гектар кишти зироати баҳорӣ пешбинӣ шудааст, ки аз он 900 гектарро кишти пахта, 350 гектарро картошка, 1321 гектарро ғалладонагиҳо ва боқимондаро кишти сабзавот, зироати хӯроки чорво ва дигар зироат ташкил медиҳанд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Март 9, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш