Дар Кумитаи рушди маҳал бахшида ба ҷашни Наврӯз ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки мардуми тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ тавассути сиёсати оқилона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангу анъана ва арзишҳои волою муқаддаси худро эҳё намуданд.
Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои миллии мо буда, аз рӯзгори қадим ибтидо мегирад ва то ба имрӯз идея ва анъанаҳои олии миллӣ ва умумибашарияшро бо беҳтарин ваҷҳ идома мебахшад.
Изҳор гардид, ки Наврӯз, қабл аз ҳама, ҷашни кишоварзон аст, зеро он айёми эҳёи табиат, фарорасии кишту кори деҳқон ва робитаи инсон бо табиат мебошад. Халқ ин ҷашни миллиро давоми қарнҳои тӯлонӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, ойини ибратомӯзи онро сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ донистааст. Он на танҳо рамзи эҳёи табиат ва оғози фасли баҳор аст, балки таҷассумгари ормонҳои неки инсонӣ — сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ маҳсуб мешавад. Ин ҷашни бостонӣ мардумро ба созандагиву бунёдкорӣ, эҳтироми анъанаҳои миллӣ ва пос доштани арзишҳои фарҳангӣ ҳидоят менамояд.
АКС: Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Дар Вазорати адлия ҷашни Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил карда шуд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷашни Наврӯз ботантана таҷлил гардид
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти ин унвон дар Ёвон ҳамоиши бошукуҳи наврӯзӣ доир шуд
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҷашни Наврӯзро бо риояи суннатҳои миллӣ таҷлил намуд
Шукуҳи наврӯзии муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Хадамоти алоқа ҷашни Наврӯзро бо иштироки меҳмонони хориҷӣ таҷлил намуданд






