Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд

Март 10, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 10.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  бо иштироки кормандони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 700 бех ниҳоли мевадиҳанда шинонида шуд.

Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод хабар медиҳад, дар маъракаи ниҳолшинонӣ дарахтони олу, олуча, бодом ва тут шинонда шуда, бехи 750  токи ангур нарм карда шуд.

Инчунин дар ин минтақа охири моҳи феврал аз ҷониби омӯзгорону кормандони донишгоҳ 650 бех ниҳоли мевадиҳанда, аз ҷумла олу, олуболу ва бодом шинонида шуд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар саросари мамлакат дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» ниҳолшинонӣ идома дорад.

АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Март 10, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш