Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид

Март 31, 2026 09:40

ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 27 марти соли 2026 бо мусоидат ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.

Аз ҷумла, дар Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Русия, Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналхалқии Москва (МГИМО)-и Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия, Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия, Донишгоҳи давлатии техникии авиатсияи граждании Москва, Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ (МИСиС) ва Донишгоҳи давлатии Пенза Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ҳузури васеи иштирокдорон баргузор гардид.

Дар гӯшаҳои алоҳида намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, чакандӯзӣ ва заргарӣ ташкил карда шуд, ки таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб намуд.

Дар чорабинӣ иброз гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ва байналмилалӣ рамзи эҳёи табиат, сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳо мебошад. Маҳз чунин чорабиниҳо ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстии байни миллатҳо мусоидат намуда, барои муаррифии фарҳанги бойи тоҷикон дар хориҷи ҷумҳурӣ нақши муҳим мебозанд.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Март 31, 2026 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Дар Вазорати адлия ҷашни Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил карда шуд
Дар Кумитаи рушди маҳал бахшида ба ҷашни Наврӯз ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷашни Наврӯз ботантана таҷлил гардид
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти ин унвон дар Ёвон ҳамоиши бошукуҳи наврӯзӣ доир шуд
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҷашни Наврӯзро бо риояи суннатҳои миллӣ таҷлил намуд
Шукуҳи наврӯзии муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Хадамоти алоқа ҷашни Наврӯзро бо иштироки меҳмонони хориҷӣ таҷлил намуданд