Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар шаҳри Ню-Йорк чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Пиряхҳо дар ҷаҳони тағйирёбанда: ҳифзи криосфераи сайёра» баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин ҳамоиш бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзои СММ, ниҳодҳои марбутаи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ доир гардида, ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи аҳамияти пиряхҳо, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва пешбурди иқдомҳои сиёсӣ дар самти ҳифзи онҳо равона гардид.
Дар чорабинӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид кард, ки пиряхҳо яке аз нишондиҳандаҳои асосии тағйирёбии иқлим ба шумор рафта, дар нигоҳдории тавозуни гидрологӣ ва экологии Замин нақши калидӣ доранд. Обшавии босуръати пиряхҳо ба захираҳои оби тоза, амнияти озуқаворӣ, энергетика ва суботи иҷтимоию иқтисодӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Вазири корҳои хориҷӣ инчунин изҳор дошт, ки барои Тоҷикистон ҳифзи пиряхҳо аҳамияти вижа дорад, зеро 93 фоизи қаламрави кишварро кӯҳҳо ташкил дода, пиряхҳои он манбаи асосии захираҳои обии минтақа мебошанд. Дар кишвар тақрибан 13 ҳазор пирях вуҷуд дорад, ки то 60 фоизи захираҳои оби тозаи Осиёи Марказиро таъмин мекунанд. Ҳамзамон, аз байн рафтани беш аз 1300 пирях ҳамчун тамоюли нигаронкунанда арзёбӣ шуд.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду даҳсолаи охир масъалаҳои обу иқлимро дар сатҳи ҷаҳонӣ пайгирона пеш мебарад. Аз ҷумла, бо ташаббуси кишвар Маҷмаи умумии СММ соли 2025-ро «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 мартро «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» эълон кардааст.
Дар фарҷом, Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ки барои коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим, тақвияти таҳқиқоти илмӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби захираҳои молиявӣ ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.
Чорабинӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои СММ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор шуд ва ба таҳкими муколамаи байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо ва криосфера саҳми назаррас гузошт.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






