Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мусобиқаи ҳарбию варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд.
Муовини сардори Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хоруғ Силтолӣ Силтолиев иброз намуд, ки ҳадафи мусобиқаи ҳарбию варзишӣ боз ҳам баланд бардоштани руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, обутоби руҳиву ҷисмонӣ ва дар оянда ба хизмати Ватан омода кардани наврасон мебошад. Таҷриба нишон дод, ки он хонандагоне, ки дар чунин мусобиқаҳо иштирок мекунанд, ҳангоми хизмати аскарӣ ба мушкилоти ҷисмонию равонӣ дучор намегарданд.
Наврасон аз намудҳои тирпаронӣ, ҷудо ва пайваст кардани силоҳ, ба рӯ кашидани ниқоби газӣ, бандкашӣ, дастхобонӣ, таҳия ва шарҳи рӯзномаи деворӣ бо ҳам рақобат карданд.
Дастаи ғолиб ба даври вилоятии мусобиқа роҳхат гирифт. Даври вилоятии мусобиқаи ҳарбию варзишии «Ватанпарвар» даҳаи якуми моҳи апрел доир шуда, дар он 8 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок мекунанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад






