Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
ДУШАНБЕ, 01.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир дар соҳили дарёҳо ба қайд гирифта шудааст. Барои барқарор намудани соҳилҳо то оғози селу обхезӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешаванд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масолеҳи сохтмонӣ барои корҳои соҳилбандӣ дастрас карда шуда, дар мавзеъҳои осебпазир бо ҷалби сокинон ва техникаҳои пуриқтидор корҳо идома доранд.
Идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Кӯлоб дар баробари мустаҳкам намудани соҳилҳо тоза кардани заҳбур ва заҳкашҳоро анҷом медиҳад.
Гуфта шуд, ки барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ омода кардани тахтасангҳои оҳану бетонӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло 2160 тахтасанг захира карда шуда, дар ҳолати зарурӣ ба мавзеъҳои осебпазир кашонида ва дар бунёди саддҳои муҳофизатӣ истифода мешаванд.
“Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” бо мақсади пешгирӣ намудани хавфи селу обхезиҳо ва шусташавии соҳилҳои дарёҳо таҳия гардидааст. Дар ҳолати иҷро шудани ҳадафҳои барнома имкон аст, ки заминҳои кишоварзӣ, роҳҳо, пулҳо ва иншооти дигари муҳими хоҷагии халқ аз таъсири селу обхезиҳо ҳифз гарданд.
Ҳамасола дар Тоҷикистон дар фаслҳои баҳору тобистон обшавии бошиддати барфу пиряхҳо ва бориши зиёд боиси обхезӣ, омадани ярч ва сел мегардад. Ин ба маҳалҳои аҳолинишин ва иншооти хоҷагии халқ зарари калон мерасонад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






