Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 10.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ шуда, борони бошиддат меборад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои водӣ ва доманакӯҳӣ бориши борон ба барф табдил ёфта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф пешгӯӣ мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки баландии қабати барф имрӯз ва шаби 11 март дар ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон, Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд, Рашт, Сангвор, Лахш, Варзоби ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои Ишкошим ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 10-30 сантиметр мерасад. Инчунин дар ноҳияҳои доманакӯҳи Файзобод, Ховалинг, Муъминобод, Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин, Панҷакент, Айнӣ, Шаҳристон ва Истаравшан баландии қабати барф ба 3 — 10 сантиметр мерасад.
Рӯзҳои 10–11 март пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 1+6 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2–7 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Инчунин дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7–12 дараҷа хунук, рӯзона аз 0–5 дараҷа хунук то 2+4 дараҷа гармӣ дар назар аст.
10-11 март дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва дар ағбаҳои Анзобу Шаҳристон фаромадани тарма пешгӯӣ карда мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳии Панҷакент, Айнӣ, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин ва Дарвоз омадани сел дар назар аст.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об эҳтимол дорад. Ҳамчунин бо сабаби номусоидии ҳаво коҳишёбии дурии биниш ҳангоми бориши борон ва фаромадани туман, яхбандӣ ва мушкилии муваққатӣ дар фаъолияти соҳаи нақлиёт ва хизматрасониҳои коммуналӣ дар назар аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»






