Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд

Март 7, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 март дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин мақомот.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода иброз дошт, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаву башардӯстонаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ба хотири баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу имконияти баробари мардону занон пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ҳоло занони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар баробари мардон номуси ватандӯстиро бар дӯш гирифта, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат бо ғайрати зиёд фаъолият доранд. Онҳо бо ташаббусҳои созанда Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо мегардонанд.

Дар ҷамъомад дар мавзуъҳои  «Бонувон дар сафи пеш», «Модар – ганҷинаи бебаҳо ва пайвандгари наслҳо» ва «Мақоми зан – модар дар даврони соҳибистиқлолӣ» маърузаҳо пешниҳод гардида, оид ба дастгириҳои ҳамешагӣ ва зери таваҷҷуҳи махсуси давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштани занон ибрози назар карда шуд.

АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 7, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ниёгони мо дар рӯзгори пешин ҳам ҷашни занонро таҷлил мекарданд. Эҳдо ба Рӯзи Модар
НИМ АСР ДАР ТАЪЛИМИ ҶОМЕА. Занони Тоҷикистон дар пешбурди низоми маориф низ саҳми арзанда доранд
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ба ифтихори Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир шуд
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
АГАР ДУОИ МОДАР БОШАД, РОҲ РАВШАН АСТ! Эҳдо ба Рӯзи Модар
Ба муносибати Рӯзи Модар дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ чорабинии идона баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад