Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои марбут ба инфрасохтори роҳу нақлиёт тақвият мебахшад. Ин масъала зимни мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба инфрасохтори Аврупо ва Осиёи Марказӣ Чарлз Кормйе, Роҳбари самти нақлиёти Бонки ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Шомик Раҷ Меҳндиратта дар Вашингтон баррасӣ гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкории самараноки Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ва аҳамияти дастгирии онро барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат махсус таъкид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки тайи дувоздаҳ моҳи охир дар Тоҷикистон се ислоҳоти муҳими сохторӣ амалӣ гардид, ки инҳо таъсиси Фонди роҳ, сиёсати «Осмони боз» ва дар сатҳи миллӣ ҷорӣ намудани системаи электронии ASYCUDA World (Automated System for Customs Data) мебошанд.
Гуфта шуд, ки «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳадаф гузоштааст, ки Тоҷикистон ба як маркази муҳими транзитии минтақавӣ табдил дода шавад. Барои ноил шудан ба он низоми муосири идоракунии дороиҳои роҳ дар тамоми шабакаи роҳҳои автомобилгард таъсис меёбад. Заминаи меъёрии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки ба консессияҳои нақлиётӣ мутобиқ карда шудааст, ташаккул дода мешавад, ба иқтидори касбии вазорат – аз банақшагирии нақлиёт ва таҳлили маълумот то идоракунии шартномавӣ ва тарҳрезии инфрасохтори устувори ба иқлим мутобиқ сармоягузорӣ амалӣ мегардад.
Баён шуд, ки бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи «Беҳдошти роҳҳои алоқаи минтақавии Осиёи Марказӣ» («БРАМОМ-4») дар Тоҷикистон аввалин «Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳ барои солҳои 2026-2040» таҳия гардид. Он ба «Системаи бехатар» асос ёфта, бо ҳадафҳои Даҳсолаи амалиёти Созмони Милали Муттаҳид оид ба бахатарии ҳаракат дар роҳ мутобиқ гардонида шудааст. Дар ин самт Тоҷикистон ба татбиқи амалии озмоишӣ дар долонҳои афзалиятноки нақлиётӣ мегузарад.Тоҷикистон метавонад дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ кишвари пешсаф дар минтақа гардад ва таҷрибаи худро дар доираи долонҳои Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) мубодила кунад.
Дар робита ба ин, Бонки ҷаҳонӣ дар ин марҳила, дар доираи таҳияи «Стратегияи нави шарикии Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026-2031», имкониятҳои идомаи дастгирии бахши нақлиёти Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти маблағгузории тадбирҳои афзалиятноки пешбининамудаи «Барномаи тасдиқшудаи рушди маҷмааи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намояд.
Дар мулоқот инчунин оид ба рафти татбиқи лоиҳа, дастовардҳои асосӣ, нишондиҳандаҳои бадастомада ва дурнамои ҳамкории минбаъда бо Бонки ҷаҳонӣ маълумот дода шуд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






