ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд

Март 10, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 10.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон дар соли 2026-ро эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.

Ҳамасола барои соҳибкорзанон грантҳои президентӣ ҷудо карда мешаванд. Ин имкон фароҳам меорад, ки занони  тоҷик дар самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, парвариши чорво, паранда, моҳӣ, коркарди меваҳои хушк ва рушди соҳаи кишоварзӣ  тиҷорати худро пеш баранд.

Имсол низ 200 нафар занон имкон доранд аз ин маблағҳои бебозгашт баҳравар гардида, соҳибкории худро рушд диҳанд.

Лоиҳа бояд дар ҳаҷми на зиёда аз 5 саҳифа, дар барномаи MS Word бо истифода аз шрифти Times New Roman андозаи 14, бо забони тоҷикӣ, инчунин бо мувофиқати пурра ба талаботи озмун пешниҳод  карда шавад.

Грантҳо ба маблағи 40 000, 50 000, 60 000, 70 000, 80 000, 90 000, 100 000 ва 110 000 сомонӣ барои 200 нафар занони соҳибкор ҷудо мегарданд.

Хоҳишмандон метавонанд  ба суроғаи шаҳри Душанбе,  кӯчаи Академикҳо Раҷабовҳо, 3  ва ё ба телефонҳои 227-91-17, 221-34-71, 227-24-38 e-mail: info@comwom.tj муроҷиат намоянд. Қабули ҳуҷҷатҳо то 15 апрел идома меёбад.

Дар ҳолати нопурра будани ҳуҷҷатҳо лоиҳа аз тарафи кумита қабул карда намешавад ва ҳангоми дар озмун ғолиб нагардидан ҳуҷҷатҳо баргардонида намешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 10, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»