ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
ДУШАНБЕ, 20.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 март дар Тоҷикистон Наврӯз фаро мерасад. Мувофиқи ҳисобҳои астрономӣ, Наврӯз соати 19:45:53 ба вақти Душанбе фаро мерасад.
Тавре директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Анвар Буризода иброз дошт, Наврӯз дар баробари ҷашни куҳан ё расму ойини миллӣ будан падидаест, ки бо яке аз муҳимтарин воқеаҳои табиат – лаҳзаи эътидоли баҳорӣ пайванди мустақим дорад. Аз нигоҳи астрономӣ Наврӯз ҳамон лаҳзаест, ки Офтоб дар ҳаракати зоҳирии солонаи худ дар осмон аз хати экватори осмонӣ мегузарад ва аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолии он ворид мешавад. Дар ҳамин вақт дар саросари Замин шабу рӯз тақрибан баробар мегарданд.
Анвар Буризода гуфт, ки «сабаби аслии ба вуҷуд омадани эътидоли баҳорӣ он аст, ки меҳвари Замин нисбат ба ҳамвории гардиши он дар гирди Офтоб (эклиптика) тақрибан 23,5 дараҷа мойил аст. Агар меҳвари Замин рост мебуд, на фаслҳо ба вуҷуд меомаданду на эътидол ва инқилобҳои офтобӣ. Аммо маҳз ҳамин каҷии меҳвар боис шудааст, ки давоми сол нимкураҳои Замин навбат ба навбат рӯшноии бештар ё камтар гиранд. Дар рӯзҳои Наврӯз Офтоб дар чунин мавқеъ қарор мегирад, ки ҳар ду нимкураи Замин тақрибан ба як андоза нур мегиранд. Аз ин рӯ, Наврӯз оғози баҳор, рамзи тавозун, ҳамоҳангӣ ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад»,-изҳор дошт Анвар Буризода.
Аҷдодони мо ҳанӯз аз бомдоди таърих дарк карда буданд, ки зиндагии инсон ба гардиши ҷирмҳои осмонӣ сахт вобаста аст. Кишоварзӣ, тақвим, вақти кишту кор ва оғози корҳои саҳроӣ ҳама ба ҳаракати Офтоб иртибот доштанд. Бинобар ин, муайян кардани рӯзи дақиқи Наврӯз дар баробари ҷашну хурсандӣ будан аҳамияти амалӣ низ дошт. Мунаҷҷимон ва донишмандони Шарқ бо мушоҳидаи тулуъ ва ғуруби Офтоб, баландии он дар осмон ва тағйирёбии давомнокии рӯзҳо лаҳзаи фаро расидани баҳорро муайян мекарданд. Ин донишҳо баъдан дар таҳияи тақвимҳои дақиқ, махсусан Тақвими Ҷалолии Умари Хайём нақши муҳим бозиданд.
«Аз нигоҳи илмию оммавӣ метавон гуфт, ки Наврӯз ёдгории зиндаи ҷаҳонбинии аҷдодони мост. Онҳо бе телескопҳои муосир ва моҳвораҳо ҳам тавониста буданд ҳаракати осмонро бо диққат омӯзанд ва оғози соли навро ба падидаи воқеии астрономӣ пайванд диҳанд. Аз ин рӯ, Наврӯз на танҳо мероси фарҳангӣ, балки нишонаи тафаккури илмӣ, мушоҳидаи дақиқ ва эҳтиром ба қонунияти коинот низ ҳаст»,-гуфт дар фарҷом Анвар Буризода.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар» / Институти астрофизика








Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
НАВРӮЗ — ВАСИЛАИ МУАССИРИ МУКОЛАМАИ ТАМАДДУНҲО. Таҳти ин унвон конфронси илмию амалӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Наврӯз ҳамчун фазои ваҳдати маънавӣ ва эҳёи арзишҳои инсонӣ






