ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАМИН. Ҳар нафар вазифадор аст дар хусуси хонаи умумии мо ғамхорӣ намояд

Март 21, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 21.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар аксар давлатҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии Замин таҷлил карда мешавад.

Ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии Замин аҳамияти фалсафӣ, тарбиявӣ, башардӯстӣ ва экологӣ дорад. Дар ин рӯз дар аксар мамлакатҳои дунё ташаббус ва иқдоми наҷиб оид ба ҳифзи табиат, ёдгориҳои табиӣ, гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои табиӣ зоҳир мешавад.

Имрӯз аксар экосистемаҳои табиии сайёраи мо ба таъсири номатлуби инсон ниҳоят ҳассос ва осебпазир мебошанд ва танҳо паст намудани шиддати таъсироти антропогенӣ метавонад онҳоро наҷот бахшад. Дар ин давра ҳама мавҷудоти зиндаи кураи Замин тағйироти куллии биологиро аз сар мегузаронанд. Организмҳое, ки неруи худро вобаста ба вақту замон аз даст додаанд ва қобилияти дар марҳилаи нав ҳаёт ба сар бурдан надоранд, аз байн мераванд. Дар мавҷудоти дигари зинда ҷараёни нави биологӣ пайдо мешавад ва бо неруи тозаи ҳаёт идома меёбад.

Таҷлили Рӯзи Замин тадбири бузурги байналмилалӣ буда, таваҷҷуҳи сокинони сайёраро ба он равона месозад. Ҳар нафар вазифадор аст дар хусуси хонаи умумии мо ғамхорӣ намояд ва ҳар гӯшаи ин сайёраро ба наслҳои оянда тозаю озода ба мерос монад.

Рӯзи байналмилалии Замин ба ҷашни аҷдодии мо — Наврӯзи хуҷастапай, ки ҷашни байналмилалӣ эълон гардидааст, рост меояд. Рӯзи Замин ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз заминаҳои воқеии табиӣ доранд.

Зимни баробар шудани шабу рӯз ва дар бурҷи Ҳамал қарор гирифтани сайёраи Замин дар ҳаёти сайёраи мо ва табиати зиндаи он як марҳила ба итмом расида, марҳилаи нав оғоз меёбад. Ин давра ҳамчун давраи эҳёи табиат арзёбӣ мешавад.

Ҳанӯз 6 ҳазор сол муқаддам миллати куҳанбунёди мо мубрам будани масъалаҳои экологиро дар хотираи таърихияш ҷой намуд. Наврӯзи оламафрӯз на танҳо ҷашни таърихию фарҳангӣ, балки воқеан ҷашни табиӣ аст. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки Рӯзи Замин ва ҷашни Наврӯз ба ҳам тавъам мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки имсол мувофиқи ҳисобҳои астрономӣ Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март, соати 19:45:53 бо вақти Душанбе фаро расид.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 21, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАНГАЛ. Хуч на танҳо хосияти шифобахшӣ, балки аҳамияти калони экологӣ низ дорад
ЗАХИРАҲОИ ОБ — МУҲИМТАРИН МАНБАИ ҲАЁТ. Соли 2028 дар Тоҷикистон Конфронси СММ оид ба захираҳои об баргузор мешавад
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
САЙЁРАИ ЗАМИНРО БОЯД ТОЗА НИГОҲ ДОРЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Замин
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд