ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст

Март 15, 2026 11:03

ДУШАНБЕ, 15.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар бозорҳои мамлакат гиёҳҳои наврустаи шифобахш фаровон гардидааст, ки  истеъмоли онҳо ба организм фоидабахш мебошанд. Истеъмоли рустаниҳои шифобахш дар  шакли тару тоза ва хушк барои бартараф намудани баъзе бемориҳо тавсия дода мешавад. Онҳо аз қадимулайём дар табобати бемориҳои гуногун истифода мешаванд ва дар тибби халқӣ ҷойгоҳи махсус доранд. Яке аз рустаниҳои шифобахш  пӯдина ва шибит мебошад, ки бо хосиятҳои шифобахшии худ маъруф мебошанд. Ин рустаниҳо на танҳо дар тибби анъанавӣ, балки дар тибби муосир низ мавриди истифода қарор доранд.

Пӯдина

Пӯдина аз антиоксидантҳо бой аст. Он бештар барои таъми тароватбахшаш дар маҳсулоти нигоҳубини даҳон, аз қабили хамираи дандоншӯйи ва даҳоншӯйӣ истифода мешавад. Равғани эфирии пӯдина барои доштани бӯи руҳбахш дар атрҳо, шамъҳо ва маҳсулоти нигоҳубини пӯст истифода мешавад.

Мутахассисони соҳаи тиб иброз медоранд, ки пӯдина дамиши шикам ва ихтилоли ҳозимаро пешгирӣ намуда, дард ва рагкаширо таскин мебахшад. Пас аз 4 ҳафтаи истеъмоли пӯдиначой нишонаҳои бемориҳои узвҳои ҳозима тақрибан 40 фоиз коҳиш меёбанд. Ҳамчунин капсулаҳои пудинагӣ дар онҳое, ки аз химиотерапия мегузаранд, дилбеҳузуриро пешгирӣ менамоянд.

Азбаски пӯдина мушакҳоро суст ва шиддатро рафъ менамояд, он метавонад дар мубориза бо баъзе намудҳои дарди сар кумак расонад. Равғани пӯдинаро ба ду чаккаи сар молидан беҳтар аст. Ба нафароне, ки аз фишори хун азият мекашанд, нӯшидани чойи пӯдинагӣ тавсия дода мешавад.  Пӯдиначой ба системаи асаб таъсири мусбат мерасонад, сатҳи энергияро афзоиш медиҳад ва хоби рӯзонаро пешгирӣ менамояд. Инчунин барои партофтани вазни зиёдатӣ кумак мерасонад.

Ба тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, истифодаи пӯдина барои гипотонияи артериалӣ, бавосир ва рагҳои варикозии узвҳои поён манъ аст. Як пиёла чойи гиёҳии тару тоза метавонад ба осонӣ аксуламали аллергияи пӯст ё роҳи нафасро ба вуҷуд орад.

Шибит

Шибит аз навъҳои дастрастарин сабзаҷот буда, аз витаминҳо, флавоноидҳо, каротиноидҳо, нахҳо ва дигар антиоксидантҳо бой мебошад. Истеъмоли он организмро аз таъсири зараровари радикалҳои озод муҳофизат намуда, пиршавии бармаҳалро пешгирӣ мекунад. Инчунин бо илтиҳоб мубориза бурда, таъсири зидди саратонӣ дорад.

Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки истеъмоли шибит дар ҳолати тару тоза, хушк ва тухми он ғализиҳои меъдаро тоза намуда, дарди пуштро шифо мебахшад. Барги тоза, хушк ва ё тухми шибитро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, дарди гурдаро таскин бахшида, пешобро равон мекунад ва ҷигари заифро ба ислоҳ меоварад.

Ба гуфтаи мутахассисон, хӯрдани шибит барои узвҳои ҳозима фоидаовар мебошад. Он иштиҳоро оварда, кори рӯдаҳоро беҳтар месозад. Доруҳое, ки таркибашон дар асоси шибит омода шудааст, барои муолиҷаи метеоризм ва гастрит истифода бурда мешаванд.

Дар таркиби ин растанӣ витамини С нисбат ба ситрусҳо ду маротиба бештар аст. Ҳамзамон шибит дорои витаминҳои РР, тиамин, рибофлафин ва намакҳои минералӣ мебошад.

Шибитро дар хӯрок истеъмол карда, чун воситаи табобатӣ васеъ истифода мебаранд. Равғани аз тухмии ин растанӣ омодашуда яке аз элементҳои асосӣ ва ҳамешагӣ барои таҳияи лавозимоти ороишӣ маҳсуб мешавад. Онро ҳамчун маводи хушбӯйкунанда омехта менамоянд.

Миқдори як бор хӯрдан аз шибит дар як рӯз то 25 грамм аст. Агар аз ин бисёр бихӯред, барои одамони гарммизоҷ зарар дорад, зеро мизоҷи шибит ҳам гарм аст. Шикамро боднок мекунад ва дилро беҷо месозад. Агар оберо, ки дар он шибит ҷӯшонида шуда бошад, аз ҳад зиёд ва бардавом бинӯшед, ба майна, чашм, меъда, хичак ва гурда зарар мекунад, яъне ин узвҳоро суст ва заиф мегардонад.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 15, 2026 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ