КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ДУШАНБЕ, 28.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 кишоварзони мамлакат дар 26 062 гектар зироати равғандиҳанда кишт менамоянд. Аз ин шумора 8145 гектар зироати равғандиҳанда дар заминҳои обёришуда ва 17 917 гектар дар заминҳои лалмӣ кишт карда мешавад. Яке аз зироати равғандиҳанда маъсар мебошад, ки фоизи равғанокиаш бештар аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Парвариши растании равғандиҳанда, аз қабили маъсар дар иҷрои истеҳсоли равғанҳои истеъмоли аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар аст. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ ба ҳисоб рафта, дар таркиби донаш 28-32 фоиз равғани нимхушкшаванда ва то 12 фисад сафеда дорад. Сифати равғани мағзи дони маъсар ба равғани офтобпараст монандӣ дошта, дар тайёр кардани таомҳои гуногун истифода бурда мешавад.
Мувофиқи маълумоти Институти илмию таҳқиқотии чорводории Тоҷикистон, дар таркиби кунҷораи маъсар 13,63 фоиз об, 2,38 фисад равған, 3,20 фисад хокистар, 24,94 фоиз клетчатка, 20,40 фоиз сафеда, 2,40 милиграмм калсий, 4,67 милиграмм фосфор ва дар 100 килограмм кунҷораи он то 75,5 воҳиди хӯрокӣ мавҷуд аст.
Дар шароити ҷумҳурӣ зироати маъсарро барои хӯроки чорво низ истифода мебаранд. Бедаи маъсар аз рӯи ғизонокӣ аз бедаи юнучқа камӣ надошта, дар таркибаш 13-14 фоиз сафеда, 9,0 фоиз қанд, 6-7 фоиз равған ва то 22 фоиз клетчатка дорад.
Ранги гулҳои он зард, сурхи ҷигарӣ ва норинҷӣ мебошад. Дар як растании маъсар аз 15 то 45 сабадча пайдо мешавад. Дар дохили ғӯзаи маъсар тухмакҳо ҷойгир шуда, рангаш сафеди ҷилодор мебошад. Вобаста ба навъҳо, шароити иқлим, хоки минтақа ва агротеникаи парвариш давраи нашъунамои зироати маъсар барои тухмӣ дар киштҳои баҳорӣ 110-125 рӯз ва барои силос дар давраи гулкунӣ 75-90 рӯз идома меёбад.
Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, коркарди саривақтӣ ва дар чуқурии муайян гузаронидани шудгор имконият медиҳад, ки силсилаи решагии маъсар пурқувват инкишоф ёфта, моддаҳои ғизоӣ ва захираҳои намии хокро самаранок истифода барад. Таҳқиқот нишон доданд, ки ҳосилнокии дони маъсар аз муҳлати кишт вобастагии зич дорад. Шудгори тирамоҳӣ нисбат ба шудгори баҳории он бартарӣ низ дорад.
АКС аз манбаъҳои боз








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад






