«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад

Март 5, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 05.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи  тадбирҳои амалии ободонию сабзазоркунӣ дар шафати роҳи мошингарди  Конибодом–Хуҷанд, ки аҳамияти байналмилалӣ дорад,  200 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маҷмуъ дар ин қитъаи роҳ шинонидани 2700 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкан пешбинӣ гардидааст, ки ба беҳдошти манзараи роҳ, коҳиши таъсири омилҳои манфии муҳити зист ва ташаккули фазои сабзи муосир мусоидат мекунанд.

Ҳамзамон дар доираи татбиқи сиёсати давлатии экологӣ ва рушди низоми сабзазоркунӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шаҳри Конибодом аз ниҳолхонаи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр боздид намуданд.

Ниҳолхона дар 2,5 гектар доман паҳн карда, яке аз пойгоҳҳои муҳими таъминоти ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ дар минтақа мебошад. Дар он парвариши ниҳоли дарахтони санавбар, сарв, арча, булут, ақоқиё ва сафедор ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар ниҳолхона зиёда аз 51 ҳазор бех ниҳолҳои гуногуни ороишӣ ва ҳамешасабз парвариш меёбанд, ки барои таъмини маъракаи ниҳолшинонӣ ба шаҳру ноҳияҳо равона карда мешаванд.

Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсол ва нигоҳубини ниҳолҳо иброз гардид, ки рушди чунин хоҷагиҳои соҳавӣ барои татбиқи барномаҳои давлатии сабзгардонӣ ва беҳтарсозии вазъи экологии мамлакат заминаи устувор фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар саросари мамлакат беш аз 2 миллиард бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуда, Тоҷикистон ба «мамлакати сабз» табдил дода мешавад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 5, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд