ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд

Март 2, 2026 12:10

 ДУШАНБЕ, 02.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, тарғиби либоси миллӣ ва муосиргардонии он бо ибтикори шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иқдоми шаҳрии тарғиботӣ-ташвиқотии «Либоси миллӣ — оинаи фарҳанг ва ҳувияти миллат» гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Мақсад аз баргузор намудани ин иқдом муаррифии симои тоҷикона ва либоси миллии тоҷикӣ дар маконҳои сайёҳии пойтахт, арҷ гузоштан ба фарҳанг ва либоси миллӣ, тарбия намудани ҳисси зебоипарастӣ дар ниҳоди ҷавондухтарон, баланд бардоштани шавқу ҳаваси онҳо ба либоси миллӣ, ҳамчунин пешгирӣ намудан аз паҳншавии фарҳанги бегона мебошад.

Либоси миллӣ чун рукне аз фарҳанги миллӣ ва ёдгор аз гузаштагон дар тамоми марҳилаҳо муaрриф вa бaёнгaри фaрҳaнги миллии хaлқи тоҷик мaҳсуб мешавад. Бо шaрофaти сиёсaти хирaдмaндонa, тaбъу зaвқи бaлaнд, ояндaнигaрии пояндa вa меҳaнпaрaстии беҳaмтои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон имрӯз либоси миллӣ дaр aрсaи ҷaҳонӣ ба таври шоиста муaррифӣ мегaрдад.

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе/Dushanbe-travel

Март 2, 2026 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид