МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед

Март 25, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 25.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дарахтони мевадиҳанда ва токзори ҷумҳурӣ дар таркиби худ организмҳои зараррасон доранд. Дар давраи нашъунамои дарахтони мевадиҳанда ва токзор баланд шудани ҳарорати ҳаво онҳо инкишоф меёбанд, ки ин ба кам гардидани ҳосил ва паст гардидани сифати мева таъсир мерасонад. Корҳо бар зидди зараррасонҳои боғу токзор асосан дар 2 давра гузаронида мешаванд- дар давраи тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор ҳангоми пурра дар оромӣ будани дарахтони мевадиҳанда ва буттаи токзор ва дуюм дар давраи нашъунамои онҳо ҳангоми пайдо ва паҳншавии ин зараррасонҳо.

Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ,  зараррасонҳо ва касалиҳо дар тамоми боғу токзор ба мушоҳида мерасанд. Зимни гузаронидани корҳо  барои рушди минбаъдаи боғдорӣ ва токпарварӣ ба масъалаи муҳофизати растанӣ диққати махсус бояд дода шавад.

Зараррасону барангезандаи касалиҳои боғу токзор дар зери хоку кулӯхҳо, боқимондаҳои растанӣ, таги дарахтону буттаи ток, пӯстлоху тарқишҳои онҳо ҷойгир шуда, зимистонро мегузаронанд. Дар давраи дуру дарози (сентябр-март) зимистонгузаронии зараррасонҳои боғу токзор мувофиқи маълумоти мутахассисони соҳа аз ҳисоби таъсири микроорганизмҳо, патогенҳо, иқлими минтақа ва маҳал, хусусан аз сардии ҳавою бориши зиёд аз 12 то 40 фоиз зараррасонҳо талаф меёбанд, ки ин албатта, кифоя нест.

Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ вобаста ба иқлими маҳал дар дарахтони мевадиҳанда ва токзор намудҳои гуногуни зараррасону касалиҳо паҳн гаштаанд. Зараррасонҳои аз ҳама бештар паҳнгашта тортанакканаҳо, ширинчаҳо, сипарболакҳо, асалаки нок, кирмаки себ, кирмаки дӯлонахӯрак, зарриндумболи туркистонӣ, абрешимресаки ноҷуфт ва кӯҳии ҳалқатоб, куяи себ, заргинаки сиёҳ ва ғайра мебошанд.

Бинобар ин хоҷагиҳои боғу токпарварӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор бар зидди зараррасонҳои зимистонгузарон чораҳои пешгирикунандаи механикӣ, агротехникӣ ва кимиёвӣ мегузаронанд.

Яке аз усулҳои самарабахш, ки боғпарварон бо фарорасии фасли баҳор мегузаронанд, сафедкунии танаи дарахтон мебошад. Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки сафед кардани тана  ва таҳкурсии асосии навдаҳо бо маҳлули 20-фоизаи оҳак  (2 килограмм оҳак ва 500 грамм лой дар 10 литр) яке аз роҳҳои истифодаи саривақтии усули агротехникӣ дар давраи зимистонгузаронӣ бар зидди зараррасонҳо дар майдони боғу токзор мебошад. Ин амалҳо пайдошавӣ ва паҳншавии зараррасонҳоро маҳдуд намуда, ҳолати фитосанитарии онҳоро беҳтар менамоянд.

Яке аз усулҳои самарабахш- ин усули кимиёвӣ мебошад. Ин усул дар системаи муҳофизати интегратсионии растаниҳо дар баробари дигар усулҳои мубориза бар зидди организмҳои зараррасони зироати кишоварзӣ ва тарзи асосии ҳифзи растаниҳо чун усули кимиёвӣ боқӣ мемонад.

Ҳангоми гузаронидани коркарди кимиёвӣ бояд интихоби заҳрхимикатҳо, муҳлати коркард ва иқлими маҳал ба инобат гирифта шавад.  Вобаста аз синну солу зичии дарахтони мевадиҳанда ва буттаи ток меъёри сарфаи маҳлули корӣ аз 800 то 1200 литр дар 1 гектар истифода шавад.

Тибқи қоида, барои муҳофизати кимиёвии растаниҳо бояд заҳрхимикатҳое истифода шаванд, ки дар «Рӯйхати моддаҳои кимиёвӣ ва воситаҳои биологие, ки барои истифода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иҷозат дода шуда, бо қарори Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, мавҷуд ҳастанд. Шахсоне, ки барои кор бо пеститсидҳо ҷалб карда мешаванд, бояд ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва барои ҳифзи беҳдошти худ либоси махсуси мухофизатӣ дошта бошанд. Инчунин ноболиғони аз 18-сола хурд, занҳои ҳомила ва дорои кӯдаки ширмак ба ин корҳо роҳ дода намешаванд. Давомнокии рӯзи корӣ бо пеститсидҳо 6 соат муқаррар шудааст. Ҳангоми кор бо пеститсидҳо маъмурияти хоҷагӣ бояд кормандонро бо ширу маҳсулоти ширӣ таъмин намояд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 25, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд