МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон

Март 9, 2026 08:20

ДУШАНБЕ, 09.03.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Агар мо ба мақому манзилати матбуоти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷомеаи муосир, зиёда аз ин агар мо ба хизматҳои воситаҳои ахбори омма  дар тарбияи ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандии халқи Тоҷикистон назар афканем, мебинем, ки  дарвоқеъ воситаҳои ахбори омма, махсусан матбуоти  ватанӣ оинаи зиндагист. Ҳақ ба ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: «Дарвоқеъ, матбуот ва воситаҳои ахбори омма  ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадиру муассир мерасонанд. Онҳо, хусусан, дар таҳаввулоти самтҳои рушди ҷомеа, табдили мафкураҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хосса касб менамоянд”.

Маҳз ҳамин таъкидҳои Президенти мамлакат аст, ки ҳамасола 11 март дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Соли равон журналистони мамлакат 114-солагии матбуоти миллиро ҷашн мегиранд. Матбуоти тоҷик дар масири таърих шебу фарози зиёдеро паси сар намуда, дар инъикоси дастовардҳои тамоми соҳаҳои ҷомеа ва боло бурдани маърифат, ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ саҳми арзанда ва назаррас гузоштааст. Тавре ҳамагон огоҳ ҳастанд, матбуоти миллии мо-тоҷикон давраҳои тоинқилобӣ ё замони шуравиро паси сар карда, дар даврони истиқлоли давлатӣ муҳимтарин саҳифаҳои таърихи худро рақам мезанад. Зеро матбуоти замони истиқлол бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озодона дар роҳи бунёди давлатдории навини тоҷикон саҳми бузург бозида истодааст.

Оғози матбуоти миллии тоҷик ба нашри нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» (1912) рабт дорад. То ба нашри ин рӯзнома матбуоти тоҷик пайраҳаи ниҳоят сангин ва муайянеро тай карда буд. Аз ҷумла,  баробари ҳамроҳ кардани вилояти Қӯқанд ба ҳайати империяи Русия дар нимаи дуюми асри XIX ва номи Туркистонро гирифтани он генерал-губернатории Туркистон ташкил ёфт. Генерал-губернатории мазкур барои пешбурди кори давлатдорӣ ва рушди воситаҳои ахбори омма  ба ин ҷо матбаа овард. Нашрияҳои  «Туркестанские ведомости» ва «Туркистон вилоятининг газети» аз аввалин нашрияҳои чопии губернатории он давра ба ҳисоб мераванд.

То соли 1912 бо сабабҳои гуногун дар ин ҳавза, ки мафкураи пантуркистӣ ҳукмрон буд, нашрияҳо бо забони тоҷикӣ ба миён омада натавонистанд ва иддае аз равшанфикрони тоҷик муборизаро барои таъсиси рӯзномаи тоҷикзабон идома доданд. Муборизаи пайвастаи равшанфикрони тоҷик алайҳи пантуркизм боис гардид ва 11 марти соли 1912 нашри нахустини рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» бо забони тоҷикӣ аз чоп баромад. Ин оғози музаффарияти худшиносии миллӣ-тоҷикӣ дар байни мардум буд, ки он шабу рӯз ба фишору васвасаи гурӯҳҳои пантуркистӣ рӯ ба рӯ буданд.

Даврони шуравиро метавон марҳилаи зуҳури низоми воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон номид. Зеро маҳз дар ин давра рӯзномаҳо, агентии иттилоотӣ, радио ва баъдан телевизиони тоҷик ташкил гардиданд, ки ба такмили воситаҳои ахбори омма мусоидати фаъол намуданд. Дар саргаҳи матбуоти шуравии тоҷик рӯзномаи дигари миллиамон бо номи «Бедории тоҷик» меистад. Омодагӣ ба нашри шумораи аввалини нахустин рӯзномаи ҳукуматӣ бо забони тоҷикӣ дар шаҳри Душанбе — «Бедории тоҷик» моҳҳо идома ёфт, ки ташаббускоронаш як гурӯҳ ходимони ҳизбӣ, сиёсӣ — давлатӣ ва созмони ҷавонон — Аббос Алиев, Алӣ Исмоилзода, Саидбоғир Қосимов ва даҳҳо дигарон буданд. Бо азму талош ва ҷонбозиҳои онҳо 15 марти соли 1925 нахустин шумораи рӯзнома бо номи «Иди тоҷик» бо теъдоди 1000 нусха нашр гардид. Баъдтар ба нашри мунтазами рӯзномаи тоҷикӣ дар шаҳри Душанбе шуруъ намуданд. Аз 5 апрели соли 1925 зери таҳрири нозири маорифи Тоҷикистон Аббос Алиев рӯзномаи «Бедории тоҷик» ба табъ расид, ки он аслан шумораи навбатии «Иди тоҷик» буд. Шумораи дуюми он «Бедории тоҷик» ном гирифт ва теъдоди нашраш ба 2500 нусха расид. Ин нашрия аз соли 1928 то соли 1991 бо номҳои гуногун, аз ҷумла «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ» ва «Тоҷикистони шуравӣ» чоп мешуд. Аз 19 сентябри соли 1991 то ба имрӯз  бо номи «Ҷумҳурият» мунташир мегардад, ки дар шаклгирии афкори худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шаъну шарафи халқи Тоҷикистон ниҳоят мақому манзилати хоса дорад.

Бояд гуфт, ки рӯзномаҳои Тоҷикистони шуравӣ ба ҷумҳуриявӣ, сиёсӣ, соҳавӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ тақсим шуда буданд, аммо дар чорчӯбаи мафкуравии ҳизби комунистии Тоҷикистон ва ҳизби комунистии Иттиҳоди шуравӣ қарор доштанд. Бо вуҷуди ҳамаи ин ташаккул ва рушди матбуоти тоҷик аз дидгоҳи муҳтавою омодагии касбии журналистон дар раванди таърих маҳз ба ҳамин давра рост меояд.

Ташкили Радиои тоҷик дар моҳи апрели соли 1930 заминаи худро маҳз аз матбуот мегирад, зеро дар нахустин гуфторҳои радиоӣ аз навиштаҳои рӯзномаҳо истифода мегардид. Муҳити маънавие, ки рӯзномаҳо дар солҳои 1925-1930 ба миён оварда буданд, зарурати таъсиси радиоро бештар намуд, чунки дар баробари нашрияҳо воситаи нави иттилоърасонӣ ва тарғиби сиёсати давр ба ҷомеа аҳамияти бештар пайдо намуда буд. Ба ҳамин монанд, дар ташкил гардидани телевизиони тоҷик ҳам дар санаи 3-юми октяби соли 1959 нақши матбуоти он давраро баръало дидан мумкин аст.

Матбуоти замони истиқлол бо нафаси тоза, руҳияи миллӣ, эҳсоси озодагию озодӣ ва дидгоҳи нав аз матбуоти замони шуравӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Дар меҳвари расонаҳо, матбуот ва телевизиону радиои даврони истиқлол дар партави сиёсати инсонпарваронаю ояндасозонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикоси раванди давлатсозӣ, иттиҳоду ҳамдилӣ, эҳёи дубораи хотираи таърихию тамаддунии ҷаҳонӣ, зинда гардонидани саҳифаи корнамоиҳои фарзонагони миллат дар арсаи таърих, сохтани Тоҷикистони соҳибистиқлоли ободу пешрафта ва замина гузоштан ба ояндаи боз ҳам дурахшони миллату давлат қарор дорад.

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои рушди воситаҳои ахбори омма ҳама заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма  асосан тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ» ва дигар асноди меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа танзим карда мешавад, ки дар ин асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ пурра кафолати озодии сухан ва озодии матбуот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст.

Низоми воситаҳои ахбори оммаи даврони истиқлол баёнгари мафкураи миллӣ ва орзую омоли халқи Тоҷикистон гардид, ки дар заминаи матбуоти расмии ҳукуматӣ ва матбуоти расмии ғайриҳукуматӣ ташаккул пазируфт. Агар солҳои 90-ум дар кишвар ҳамагӣ 139 рӯзномаю маҷалла (аз ин 4 хусусӣ) вуҷуд дошт, ҳоло ин шумора ба 395 расидааст, ки аз он 104 ададаш рӯзномаву маҷаллаҳои хусусӣ мебошанд. Ин нишондиҳанда баёнгари муҳити озоди фаъолияти эҷодӣ ва таваҷҷуҳи сиёсати давлатӣ нисбат ба воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи кадрии соҳаи воситаҳои ахбори омма диққати махсус равона намудааст. Имрӯз дар беш аз 10 муассисаи таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймумин Раҳимов ва ҳатто дар якчанд коллеҷу омӯзишгоҳҳо низ журналистони ҳирфаиро омода мекунанд, ки ин аз таваҷҷуҳи ҷиддии давлат ба базаи кадрии соҳа гувоҳӣ медиҳад.

Аҳамияти воситаҳои ахбори омма дар ҳифзи манофеи миллӣ, ташаккули худшиносӣ ва мафкураи миллӣ, рақобат дар набардҳои иттилоотӣ имрӯз хеле боло рафтааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки «ҳифзи манофеи миллию давлатиамон дар асри ҷаҳонишавӣ ва бархурдҳои геополитикӣ вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа, махсусан воситаҳои ахбори омма маҳсуб мешавад». Дар асри XXI, ки онро пажуҳишгарон ҳамчун «асри иттилоот», «асри ташаннуҷи набардҳои иттилоотӣ» ном мебаранд, воситаҳои ахбори  омма чун силоҳи амниятии муқтадири стратегӣ истифода мегарданд. Ин абзори тавоно чун василаи муҳими таъсиррасонӣ ба шуури ҷамъиятӣ дар идоракунии равандҳои сиёсии кишварҳо нақши бориз ва нотакрор дорад.

Дар раванди муҷаҳҳазшавии техникии соҳаи иттилоотонӣ кормандони воситаҳои ахбори омма бояд барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, таъриху фарҳанги миллӣ ва оромии сиёсии Тоҷикистон талош намоянд, то фазои ватани азизамон бо иттилои сохтаю ғаразноки душманони миллат пур нагардад, зиёда аз ин фарҳанг, тарзи ҳаёт ва маданияти оммавии кишварҳои гирифтори бемории бегонашавӣ аз асли инсонии хеш ба ватани азизамон ҷабран интиқол (экспансия) наёбанд. Барои коҳиши таъсири ногувори таҳоҷуми итиллоотӣ журналистон бояд саводи расонаии худро боло баранд, ҳар хабарро бо тафаккури таҳлилӣ мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Дар ин росто, гузариш ба матбуоти рақамӣ ва рушди технологияҳои муосир тақозои замони муосир мебошанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки «таҳаввулоти техникӣ журналистикаро тағйир додааст ва воситаҳои ахбори омма бояд бо ин пешрафтҳо ҳамқадам бошанд, бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди воситаҳои ахбори оммаи рақамиро дастгирӣ мекунад».

Бояд иброз намоем, ки бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ марҳилаҳои гуногуни рушди воситаҳои ахбори оммаи электронии Тоҷикистон, аз ҷумла телевизион ва радио амалӣ гардиданд. Гузариш ба пахши рақамии шабакаҳои телевизионию радиоӣ аз ҷумлаи барномаҳои давлатиест, ки то имрӯз тибқи нақша амалӣ шуда, сифати дастрасии мардум ба шабакаҳоро бамаротиб беҳтар намудааст. Таъсиси телевизионҳои нав, навсозии техникии  ҳама шабакаҳои телевизионию радиоӣ, ворид намудани муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти техникии соҳа, пайваст намудани ҳама шабакаҳои давлатии телевизиони ҷумҳуриявию минтақавӣ ба моҳвора ва дигар шароити арзанда барои кормандони соҳа маҳз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам гардидааст.

Пайдоиш ва густариши шабакаи ҷаҳонии интернет муҳимтарин нишонаи рушди ҷомеаи иттилотии муосир аст. Дар ҷаҳони пуртазоди муосир дар идоракунии афкори ҷомеа касе муваффақ шуда метавонад, ки иттилоотро дуруст идора карда тавонад. Имрӯз, мутаассифона, дар сомонаҳои интернетӣ ҳамрадифи маълумоти муҳиму зарурӣ метавон ба маводи зиёди нолозиму бардурӯғ ҳам рӯ ба рӯ омад, ки ба экспансияи тарзи ҳаёти оммавӣ ва ба коҳиши пояҳои ахлоқии насли ҷавон равона шудаанд. Барои маҳдуд намудани мавқеи чунин дурӯғпароканиҳо бояд воситаҳои ахбори омма, махсусан матбуот, радио ва телевизион низ дар баробари дигар расонаҳои интернетӣ барои мубориза бо онҳо ба ин фазо ворид шаванд. Рӯзноманигорон имрӯз бояд аз ҳарвақта дида бештар дар сомонаҳои иҷтимоӣ садоқати касбиашонро ба мафкураи миллӣ, ба арзишҳои миллӣ равшантар нишон диҳанд, дар ҳифзи манофеи миллӣ дар фазои иттилоотӣ талоши бештар варзанд, бо пешниҳоди матолиби ҷолибу муассир дар ташаккули мафкураи созандаи миллӣ саҳми муносиб гузоранд.

Имрӯз рӯзноманигорони мо дар тамоми навъи воситаҳои ахбори омма- аз матбуот то радио, аз телевизион то расонаҳои интернетӣ ва инчунин дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти назаррас доранд. Мутмаинем, ки онҳо рисолати муқаддаси касбиашонро масъулиятшиносонаю сарбаландона иҷро мекунанд, ба манфиати халқу Ватан, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи сулҳу суботи кишвар, ҳимояи манофеи милливу давлатӣ, муаррифии дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи минтақавию ҷаҳонӣ ва ташаккули фазои ягонаи иттилоотӣ хизмати содиқонаву софдилона анҷом медиҳанд.

Ба қавли шоир Хайрандеш:

 

Ҷуръату номусу нангу ор дорад журналист,
Дасти поку хулқи нотакрор дорад журналист.
Қалби равшан, ҷони оташбор дорад журналист,
Бо тамоми халқи олам кор дорад журналист.
Журналистӣ бо чароғи дил ҷаҳонро дидан аст,
Журналистӣ хондану фаҳмондану фаҳмидан аст.
Журналистӣ бо фаросат гуфтану бишнидан аст,
Ҳафт раҳ чен карда, як раҳ бо хирад бибридан аст.
Журналистӣ поквиҷдон, покимон будан аст,
Халқро осуда гардонида, худ н-осудан аст.
Журналистӣ ифтихор аст, ифтихор аст, ифтихор,
Инчунин касби муқаддасро набояд кард хор!..

Нуриддин САИД,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикисон,
доктори илмҳои фалсафа, профессор

Март 9, 2026 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»
Ниёгони мо дар рӯзгори пешин ҳам ҷашни занонро таҷлил мекарданд. Эҳдо ба Рӯзи Модар
НИМ АСР ДАР ТАЪЛИМИ ҶОМЕА. Занони Тоҷикистон дар пешбурди низоми маориф низ саҳми арзанда доранд
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст