Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
ДУШАНБЕ, 08.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Биҳишти ҷовидон хоҳӣ, бирав хидмат ба модар кун» ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин ниҳод.
Дар ҳамоиш нақши модар дар тарбияи фарзанд, таҳкими арзишҳои инсонӣ, ҳифзи суннатҳои миллӣ ва рушди ҷомеа муҳим арзёбӣ гардида, иброз шуд, ки эҳтиром ва қадршиносии модар аз муҳимтарин арзишҳои маънавии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, рамзи покӣ, сабру таҳаммул ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад.
Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Фидокории зан – модар дар таҳким ва рушди фарҳанги миллӣ» ва «Модар – сафобахши зиндагӣ» маърузаҳо пешниҳод шуданд. Иброз гардид, ки гиромидошти модар ва эҳтиром ба зан-модар яке аз арзишҳои муҳими фарҳанги миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани фарҳанги маънавӣ ва тарбияи насли ҷавон нақши муҳим доранд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Дар Сарраёсати Вазорати молия дар Хатлон Рӯзи Модар таҷлил гардид
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»
Ниёгони мо дар рӯзгори пешин ҳам ҷашни занонро таҷлил мекарданд. Эҳдо ба Рӯзи Модар
НИМ АСР ДАР ТАЪЛИМИ ҶОМЕА. Занони Тоҷикистон дар пешбурди низоми маориф низ саҳми арзанда доранд
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ба ифтихори Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир шуд
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»






