Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид

Март 13, 2026 10:56

ДУШАНБЕ, 13.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар шаҳри Ҳисор дар боғи олуи хоҷагии «Кишмиши Тӯда» ва Боғи дӯстии Тоҷикистону Узбекистон дар  Ҷамоати деҳоти Мирзо  Ризо ва Ҷамоати шаҳраки Шарора бо ҳолати сабзиши гулу муғчаи дарахтон баъд аз барфрезӣ ва хунукиҳои рӯзҳои охир шинос гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Аъзои ҳайат дар деҳаи Тӯдаи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо дар маъракаи ниҳолшинонии сокинони ин  ҷамоат иштирок намуданд. Тибқи маълумоти Раёсати кишоварзии шаҳр, дар ин боғ зиёда аз 300 бех ниҳоли  дарахтони сояафкан ва ороишӣ шинонида шудааст.

Зимни ниҳолшинонӣ муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳашарчиён суҳбат ороста, барои иқдоми ободкорона изҳори сипос намуд. Ҳамзамон муовини Сарвазири мамлакат барои эмин нигоҳ доштани боғу токзор аз сармозанӣ, ки вобаста ба тағйирёбии иқлим дар сайёра ва зиёд гардидани муҳлати сардиҳо дар аввали фасли баҳор аз эҳтимол дур нест, ба деҳқонон тавсияю маслиҳатҳои судманд дод.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки боғдорони шаҳр ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Март 13, 2026 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд