НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид

Март 3, 2026 10:23

ДУШАНБЕ, 03.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи Модар таҳти унвони «Нақши занон дар тақвияту таҳкими худшиносии миллӣ» чорабинии сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Иброз гардид, ки аслу ҷавҳари Модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат, латофату назокат, бузургию ҳашамат, файзу баракат ва шарофату нусрат ташкил медиҳад. Зеро Модар ягона мавҷуди бузургу муборак ва поку муқаддасе аст, ки зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ сарчашма мегирад.

Нақш ва мақоми зан дар ҳама давру замон, аз ҷумла дар даврони давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳову дилҳо ва тавонбахшу равшанзамири рӯзгор ниҳоят бузург аст.

Пос доштани иззату эҳтироми Модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати бағоят бузурги ӯ қарзи муқаддаси ҳар инсони соҳибрисолат буда, подоши заҳмату бедорхобиҳо ва ҷонбозиҳову заҳматқариниҳои Модар фақат аъмоли неку писандида, рафтору гуфтори шоиста ва фазилатҳои ҳар фарди солимандеша ва муҳаббатпеша мебошад.

Ҳамзамон иброз гардид, ки Модар сарчашмаи ҳаёт, маънибахши зиндагӣ ва муқаддастарин инсон барои фарзандон мебошад. Ҳамин аст, ки мардуми соҳибфарҳанги тоҷик аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои Модар арҷ мегузорад ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз беҳтарин суннатҳои миллии мо ба шумор меравад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Март 3, 2026 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад