Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд

Март 2, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 02.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷомеаи муосир масъалаи мақом, манзалат ва нақши зан-модар ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор дорад. Зан ҳамчун пояи устувори оила ва неруи созандаи давлат дар ташаккули шахсият, таҳкими арзишҳои маънавӣ ва рушди фарҳангии миллат нақши калидӣ мебозад. Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд.

— Бешубҳа, агар зан-модар дар низоми ҳаёт, муҳаббатофаринӣ ва тарбияи насл саҳм намедошт, зиндагии инсонӣ рангу ҷилои маънавиро аз даст медод. Зан бо меҳру вафо, латофату самимият ва матонату ҷасорат муҳити хонаводаро гармӣ бахшида, онро ба макони оромишу саодат табдил медиҳад. Ободиву суботи ҷомеа аз оромии ҳар оила вобаста аст ва оромии хонадон, пеш аз ҳама, ба руҳия ва маънавиёти зан-модар иртибот дорад.

Мутафаккирони бузург давоми таърих ба ҷойгоҳи баланди зан арҷ гузоштаанд. Аз ҷумла, Иқболи Лоҳурӣ занро «конуни пурнури хонавода, маркази меҳр ва чашмаи бахшиш» номида, нақши ӯро дар бунёди ҷомеаи солим махсус таъкид намудааст. Муаррихи асри XI Абусаъид Абдулҳай ибни Маҳмуди Гардезӣ дар асараш «Зайн-ул-ахбор» аз ҷашне ёдовар мешавад, ки ба гиромидошти занон ихтисос доштааст. Ин далелҳо собит месозанд, ки эҳтиром ба зан ва модар дар фарҳанги миллӣ решаҳои амиқи таърихӣ дорад.

Бо соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатӣ масъалаи баланд бардоштани мақоми занон ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занон дар идоракунии давлатӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ густариш ёфт. Ҳукумати мамлакат бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030”, яъне аз ҳисоби занону духтарони болаёқат то ба 30 фоиз расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани шумораи кадрҳои роҳбарикунанда тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Қабули қонунҳо ва стратегияҳои давлатӣ оид ба таъмини баробарҳуқуқии мардону занон, татбиқи барномаҳои миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти иҷтимоиву сиёсии занон далели равшани таваҷҷуҳи давлат ба ин масъала мебошад. Аз ҷумла, амалишавии «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023–2030» имконият фароҳам меорад, ки занону духтарон ба зинаҳои баланди роҳбарӣ ҷалб гардида, дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат саҳми бештар гузоранд.

Солҳои соҳибистиқлолӣ мақоми зан дар ҷомеаи Тоҷикистон ба таври назаррас таҳким ёфта, иштироки фаъолонаи бонувон дар ҳаёти сиёсӣ ва қонунгузорӣ ба воқеияти устувор табдил ёфт. Имрӯз вакилзанони тоҷик ҳамчун намояндаи арзандаи мардум дар таҳия ва қабули қонунҳо, ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ ва пешбурди сиёсати давлатӣ саҳми муассир мегузоранд.

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандон новобаста аз ҷинс ҳуқуқи баробари иштирок дар идоракунии давлатро доранд. Маҳз дар заминаи ин меъёр ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти кишвар ҷалби занон ба мақомоти намояндагӣ ва сохторҳои давлатӣ густариш ёфт.

Қобили тазаккур аст, ки 18 нафар занон ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон ва 747 нафар ба маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта зиёд ва боиси ифтихор мебошад. Занони вакил дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо масъулияти баланд фаъолият мебаранд. Онҳо дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила, маориф, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва занон саҳми назаррас доранд. Бо пешниҳоду ташаббусҳои созандаашон ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа мусоидат менамоянд.

Нақши занони вакил танҳо бо фаъолияти қонунгузорӣ маҳдуд намешавад. Онҳо ҳамчун пул дар байни мардум ва ҳокимият амал намуда, дар баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, расонидани кумакҳои иҷтимоӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Дар баробари ин, вакилзанони тоҷик бо иштироки фаъол дар ҳамоишҳои байналмилалӣ ва платформаҳои байнипарламентӣ обрӯ ва нуфузи давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Ин раванд нишон медиҳад, ки зани тоҷик имрӯз дар баробари рисолати модарӣ ва иҷтимоӣ ҳамчун сиёсатмадори варзида ва қонунгузори масъул низ фаъолият дорад.

Дар замони муосир зани тоҷик на танҳо модари меҳрубон ва посдори арзишҳои миллӣ, балки мутахассиси соҳибкасб, роҳбари муваффақ ва иштирокчии фаъоли раванди давлатдорӣ мебошад. Ҳузури фаъоли занон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз маорифу тандурустӣ то иқтисоду сиёсат далели равшани рушди тафаккури иҷтимоӣ ва таҳкими баробарии имкониятҳо аст. Ҳоло дар мамлакат  25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро занон ташкил медиҳанд. Дар муассисаҳои соҳаи маориф аз ҳисоби занон 11 академик, 84 профессор, 131 доктори илм, 1000 номзади илм ва 608 дотсент фаъолият дорад. Имрӯз шумораи ихтироъкорон аз ҳисоби занон ба 210 нафар расида, аз ҷумла 5 нафар бо ихтирооти нодири худ дар сатҳи байналмилалӣ сазовори Шоҳҷоиза ва медали тилло, 10 нафар соҳиби медали нуқра ва 1 нафар сазовори медали биринҷӣ гардидаанд.

Таҷлили Рӯзи Модар чун рамзи эҳтиром ба зан ва идомаи суннатҳои неки ниёгон гувоҳи он аст, ки ҷомеаи мо мақоми зан-модарро чун пояи устувори давлатдорӣ эътироф менамояд. Зеро таҳкими мақоми занон на танҳо масъалаи иҷтимоӣ, балки омили муҳими пешрафти ҷомеа ва пойдории давлат ба ҳисоб меравад. Ин санаи муборак рамзи арҷгузорӣ ба бузургтарин неъмати зиндагӣ — модар ва гиромидошти мақоми зан дар ҷомеа мебошад.

Таҷлили Рӯзи Модар танҳо ҷашни расмӣ нест, балки ифодаи сипосгузорӣ ба заҳмату фидокориҳои занонест, ки дар тарбияи фарзанд, ободии хонадон ва пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Модар бо меҳнати шабонарӯзӣ, сабру таҳаммул ва муҳаббати бекарона насле ба камол мерасонад, ки ояндаи миллатро месозад.

Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст!

Наима СОЛИЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 2, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
МОДАР ВА ФАЛСАФАИ МЕҲР. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Модар
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад