Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 31.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Шараф Шерализода бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Омар Валдез мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои баланд бардоштани касбияти мутахассисони соҳа дар самти хизматрасонӣ, ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикстонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки мулоқот дар доираи Конгресси 13 — уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона дар Андорра баргузор гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






